Барномаи даъвати сарбозӣ дар Воруху Чоркӯҳ иҷро шуд

© Котиботи матбуотии ҳукумати шаҳри ИсфараПризывники в армию в Исфаринском районе РТ
Призывники в армию в Исфаринском районе РТ   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон дар рӯзи аввали раванди даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ барномаи ин марҳала аз сарбозгирӣ ба артиши кишварро иҷро кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо ироаи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо шуруъ шудани раванди даъвати баҳорӣ дар кишвар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара барномаи даъватро иҷро карданд.

“Даҳҳо ҷавонони деҳоти ин ҷамоатҳо, ки майли рафтан ба хидмати ҳарбӣ доштанд, имрӯз дар як маросим ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шуданд” - гуфт, Шомадов.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз дар майдони ба номи Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара ҳамоиши сафарбаркунии наваскарон бо иштироки масъулини ҳукумат, комиссарияти ҳарбӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барпо шудааст.
Официальный представитель Министерства обороны РФ генерал-майор Игорь Конашенков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия дар Украина 18 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд кард: видео
Дар Тоҷикистон сарбозгирӣ ба артиш дар ду давра, баҳор ва тирамоҳ таҳаққуқ мепазирад.
Бино ба фармони раисҷумҳур, дар даъвати баҳорӣ, ки моҳҳои апрел-майи соли 2022-ро дарбар мегирад, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои сарбозӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.
Ба ин гурӯҳ мардони аз 18 то 27-сола дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0