https://sputnik.tj/20220331/tojikiston-tashkilot-amonatii-qarzii-khurd-1047223724.html
Дар Тоҷикистон боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд зиёд шуд
Дар Тоҷикистон боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ эълон кардааст, ки ташкилоти қарзии хурди “Фирӯз” ба ташкилоти амонатии қарзии хурд табдил ёфта, раёсати бонк барои фаъолияти ин ниҳоди молиявии нав иҷозатномаи дахлдор пешниҳод кардааст
2022-03-31T13:05+0500
2022-03-31T13:05+0500
2022-03-31T21:02+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
иҷозатнома
фаъолият
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори раёсати Бонк дар ин бора ҳанӯз аз 18 марти соли равон ба имзо расидааст.“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ қайд кардааснд, ки иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллӣ соли 2013, дода шудада буд, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд аз эътибор соқит дониста шуд.Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонк департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор намудааст, ки ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори молии Тоҷикистон Бидуни ТАҚХ "Фирӯз" боз 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20220320/bonki-jahoni-monei-rushdi-tijorati-elektroni-tojikiston-1046938124.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, тақх, иҷозатнома, бонки миллӣ
тоҷикистон, душанбе, тақх, иҷозатнома, бонки миллӣ
Дар Тоҷикистон боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд зиёд шуд
13:05 31.03.2022 (Навсозишуда: 21:02 31.03.2022) Бонки миллӣ эълон кардааст, ки ташкилоти қарзии хурди “Фирӯз” ба ташкилоти амонатии қарзии хурд табдил ёфта, раёсати бонк барои фаъолияти ин ниҳоди молиявии нав иҷозатномаи дахлдор пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори раёсати Бонк дар ин бора ҳанӯз аз 18 марти соли равон ба имзо расидааст.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ қайд кардааснд, ки иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллӣ соли 2013, дода шудада буд, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонк департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор намудааст, ки ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори молии Тоҷикистон Бидуни ТАҚХ "Фирӯз" боз 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият дорад.