https://sputnik.tj/20220330/ukraina-bino-istiqoma-donetsk-kharob-1047188716.html
Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард
Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Донетск аз зарбаи мустақими снаряди украинӣ ба як бинои истиқоматӣ хабар дод
2022-03-30T11:30+0500
2022-03-30T11:30+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
ҷмд
донетск
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784124_0:261:3077:1992_1920x0_80_0_0_fe28629c8ad0202266a63fa3a3174661.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Хумпораи украинӣ ҳангоми тирборони шабонаи Донетск як бинои чандошёнаро қисман тахриб кард. Дар ин бора шаҳрдор Алексей Кулемзин дар канали "Telegram" навиштааст. Ба гуфтаи ӯ, ошёнаи ҳаштуми даромадгоҳи аввал қисман хароб шуда, дар пайи он сӯхтор ба амал омадааст. Маълумот дар бораи сокинони осебдида мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин нерӯҳои украинӣ дар тӯли 10 дақиқа ноҳияи Петровскийи Донетскро 2 бор тирборон карданд. Дар натиҷа 12 хумпора бо калибри 122-миллиметрӣ шиллик шуд. Ёдовар мешавем, Русия 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шудБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад. Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видеоҚабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
ҷмд
донетск
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046784124_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_937f336d5f79166fb18b3409f57f3e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, донетск, бомбборон,
украина, донетск, бомбборон,
Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард
11:30 30.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Шаҳрдори Донетск аз зарбаи мустақими хумпораи украинӣ ба як бинои истиқоматӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Хумпораи украинӣ ҳангоми тирборони шабонаи Донетск як бинои чандошёнаро қисман тахриб кард. Дар ин бора шаҳрдор Алексей Кулемзин дар канали "Telegram" навиштааст.
"Як тирпаронии шабона ба сӯйи ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Пинтер 8 (ноҳияи Текстилшик) сабт шуд", — навиштааст раиси шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, ошёнаи ҳаштуми даромадгоҳи аввал қисман хароб шуда, дар пайи он сӯхтор ба амал омадааст.
Маълумот дар бораи сокинони осебдида мушаххас карда мешавад.
Ҳамчунин нерӯҳои украинӣ дар тӯли 10 дақиқа ноҳияи Петровскийи Донетскро 2 бор тирборон карданд. Дар натиҷа 12 хумпора бо калибри 122-миллиметрӣ шиллик шуд.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.