https://sputnik.tj/20220331/radd-poy-ukraini-pisari-bayden-dardisarsoz-shud-1047234853.html
Радди пойи украинии писари Байден барои ӯ дубора дардисарсоз шуд
Радди пойи украинии писари Байден барои ӯ дубора дардисарсоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Иёлоти Муттаҳида тафтишоти молиётӣ алайҳи Ҳантер Байден, писари президент, суръат мегирад
2022-03-31T18:15+0500
2022-03-31T18:15+0500
2023-10-02T17:10+0500
амрико
има
андоз
ҷо байден
ҷомеа
сиёсат
трамп
интихобот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038344702_0:0:2301:1294_1920x0_80_0_0_19824535eefd90de01a0ee3e6c2242f5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik, Ксения Мелникова. Ӯ дар гирифтани пул аз ширкати гази украинии "Бурисма" гумонбар мешавад. Доналд Трамп, ки ба маъракаи интихоботии соли 2024 омодагӣ мебинад, таваҷҷуҳро ба ин қазия ҷалб кардааст. РИА “Новости” ба ин паҳлуи масъала таваҷҷуҳ кард, ки қазия барои роҳбари кунунии Кохи Сафед чӣ гуна хоҳад буд.Одатҳои бад ва ҳолати равонӣ"Кормандони Додситонии ИМА дар Делавэр маълумоти иловагӣ дар бораи даромадеро, ки (Ҳантер) Байден аз ширкати гази украинии “Burisma Holdings Ltd” гирифтааст, дархост карданд", - менависад “The Wall Street Journal”. Аллакай яке аз шарикони писари раҳбари Амрико бозпурсӣ шудааст. Ба одатҳои бад, хароҷот ва ҳолати рӯҳии Хантер дар соли 2018 таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Тафтишотро маъмулан президенти собиқ Доналд Трамп роҳандозӣ кардааст.Маълумоти дигар низ пайдо шуданд: далелҳои эҳтимолии ширкати Байдени хурдӣ дар маблағгузории лабораторияҳои биологӣ дар Украина. Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” паёмҳои электрониро тасдиқ кард, ки вай ба ширкати тиббии “Metabiota” дар гирифтани шартномаҳои бисёрмиллиондолларӣ аз Ҳукумати ИМА барои таҳқиқи микроорганизмҳои марговар кӯмак кардааст.Ҳуҷҷатҳо мегӯянд, ки ширкат ба пудратчии Пентагон “Black & Veatch” хидмат расонидааст. Ба гуфтаи мавод, маҳз вай дар Украина биолабораторияҳо сохтааст, то "омӯхтани агентҳои сироятӣ ё токсинҳое, ки сироятҳои эҳтимолии марговарро тавассути ҳаво интиқол медиҳад", роҳандозӣ шавад.Гуфта мешавад, ки Байден хурдӣ “Метабиота”-ро ба ширкати энергетикии украинии “Burisma Holdings” овардааст. Якҷоя онҳо "лоиҳаи илмӣ"-ро амалӣ карданд, ки дар он лабораторияҳои дорои сатҳи баланди биологӣ дар Украина ҷалб карда шуданд.Ҷанҷоли молии оилавӣДодситонии Делавэр ба таҳқиқи парвандаҳои молиётии Байдени хурдӣ дар авҷи маъракаи интихоботии падараш шуруъ кард. Худи Ҳантер итминон дод, ки вай "ба таври қонунӣ ва дуруст тиҷорат анҷом додааст, аз ҷумла бо кӯмаки мушовирони касбии андоз". Ҷозеф Байден "бо писараш хеле ифтихор мекард", ки "аз озмоишҳо гузаштааст ва бо ҳамлаҳои шахсии ашадӣ мубориза мебурд, ки танҳо ӯро қавитар мекарданд".Бо вуҷуди ин Ҳантер ба падар ва модараш мушкилоти зиёде овард: мушкилот бо машрубот ва маводи мухаддир, талоқи ҷанҷолӣ, муносибат бо бевазани бародари калониаш, ки аз саратон фавтидааст.Аммо агар ба ҳаёти шахсии Байдени хурдӣ бартарӣ дода шавад, ки пас парвандаи ҷанҷоли ширкати гази украинии “Бурисма” дар расонаҳо мунташир шуд. Ҳантер аз соли 2014 то 2019 дар Шӯрои директорони “Бурисма” кор кардааст. Дар он вақт Ҷозеф Байден, ки ноиби президент буд, дар ташаккули самти Украина дар сиёсати Амрико ширкат дошт.Дар ихтиёри расонаҳо номае қарор гирифт, ки моҳи январи соли 2017 аз ҷониби шарики тиҷоратии Ҳантер Эрик Шверин навишта шуда буд. Ӯ он вақт президентии “Rosemont Seneca Partners”-ро ба уҳда дошт, ки аз ҷониби Байден хурдӣ таъсис ёфтааст. Дар ин паём ӯ гуфт, ки Ҳантер дар бораи эъломияи андоз дар соли 2014 маблағи 400 000 доллари барои кораш дар “Бурисма” гирифтаро гузориш надодааст. Шверин ба шарики худ маслиҳат дод, ки ба эъломияҳои андоз "иловаҳо ворид кунад".Ҳамкории Ҳантер бо шарикони чинӣ низ суолҳоеро барои муфаттишон ба вуҷуд овард. Онҳо дар шустушӯи пул ва ҷиноятҳои марбути андоз гумонбар шуданд. Ин парвандаро агентҳои FBI, кормандони шуъбаи ҷиноии Хадамоти даромадҳои дохилии ИМА ҳал мекарданд. Боз як мукотибаи шахсии писари президент ба шабакаҳо баромад, ки аз он маълум шуд, як миллиардери чинӣ танҳо барои дастрасӣ ба тамосҳои муҳим ба ӯ дар як сол даҳ миллион доллар пардохт кардааст.Трамп мехоҳад ба бозӣ баргардадПарвандаи “Бурисма” дар маъракаи интихоботи президентии соли 2020 нақш бозид. Трамп итминон дод, ки Байден як сиёсатмадори ғаразнок аст: манфиатҳои писараш ба сиёсатҳои Вашингтон дар нисбати Украина таъсир расонданд.Ҷозеф вазъиятро ба нафъи худ истифода кард. Демократҳо ин иттиҳомро ҳамчун кӯшиши Трамп барои дарёфти далелҳои созиш бар зидди рақиб муаррифӣ карданд, раҳбари Амрико ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор овард, то парвандаи “Бурисма” ба тавре тафтиш шавад, ки барои Байден мусоид бошад. Барои президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида ба импичмент эълон карда шуд, вале баъдан сафед карда шуд.Чанд парвандаи ҷиноӣ алайҳи “Бурисма” кушода шуд, аммо онҳо нотамом монданд. Пас аз он Трамп расонаҳои амрикоиро барои он сарзаниш кард, ки достони Ҳантерро ба тормоз гузоштаанд. Ва аммо ин қазия дубора дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифт."Трамп тасмим гирифт, ки ӯро дубора матраҳ намояд: президенти собиқ таваҷҷуҳ ва PR-и манфиро дӯст медорад. Ҷумҳурихоҳон Байденро манфӣ ҷилва медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ӯ ҳатто аз уҳдаи оилаи худ намебарояд, на танҳо бо он кишваре мисли Русия, ки дасти нопок дорад, равобиташро пинҳон медорад. Дар маҷмуъ, онҳо мекӯшанд, ки қазияро ба охир расонанд, зеро бовар доранд, ки ӯ ҳоло дар сиёсати хориҷӣ хеле заиф аст", - мегӯяд Анастасия Бунина, ходими хурди илмии Маркази таҳқиқотии Амрикои Шимолии ММТИҶРБ-и ба номи Примаков.Раҳбари ин марказ Виктория Журавлева мегӯяд, даври нави тафтишоти парвандаи Ҳантер Байден бо омодагӣ ба раванди интихоботи президентии соли 2024 алоқаманд аст.Аммо Журавлева дар бораи зараи ин иқдомот ба демократҳо дар интихоботи тирамоҳии Конгресс зарар хоҳад расонд, шубҳа дорад. Вакили мудофеи собиқи умури молиёт Мэтт Мюллер гуфт, амалҳои ҳукумат ошкоро нишон медиҳанд, ки онҳо мехоҳанд мурофиаи додгоҳӣ баргузор шавад. Аммо ин далел нест, ки Байдени хурдӣ ба зудӣ айбдор карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки вазъият ба ҷаноби Байден низ чандон таъсир нахоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220329/bayden-duo-kard-khudo-putinro-bigirad-1047163390.html
https://sputnik.tj/20220328/reyting-kor-bayden-poin-raft-1047122195.html
https://sputnik.tj/20220330/samt-shino-mina-ukraina-1047204141.html
амрико
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038344702_0:0:2301:1726_1920x0_80_0_0_2daf79b5a98680fccc2f947c5bece2e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина байден ҳантер байден амрико андоз озмоишгоҳ трамп
украина байден ҳантер байден амрико андоз озмоишгоҳ трамп
Радди пойи украинии писари Байден барои ӯ дубора дардисарсоз шуд
18:15 31.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Дар Иёлоти Муттаҳида тафтишоти молиётӣ алайҳи Ҳантер Байден, писари президент, суръат мегирад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik, Ксения Мелникова. Ӯ дар гирифтани пул аз ширкати гази украинии "Бурисма" гумонбар мешавад. Доналд Трамп, ки ба маъракаи интихоботии соли 2024 омодагӣ мебинад, таваҷҷуҳро ба ин қазия ҷалб кардааст. РИА “Новости” ба ин паҳлуи масъала таваҷҷуҳ кард, ки қазия барои роҳбари кунунии Кохи Сафед чӣ гуна хоҳад буд.
Одатҳои бад ва ҳолати равонӣ
"Кормандони Додситонии ИМА дар Делавэр маълумоти иловагӣ дар бораи даромадеро, ки (Ҳантер) Байден аз ширкати гази украинии “Burisma Holdings Ltd” гирифтааст, дархост карданд", - менависад “The Wall Street Journal”. Аллакай яке аз шарикони писари раҳбари Амрико бозпурсӣ шудааст. Ба одатҳои бад, хароҷот ва ҳолати рӯҳии Хантер дар соли 2018 таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Тафтишотро маъмулан президенти собиқ Доналд Трамп роҳандозӣ кардааст.
"(Додситонҳо) таҳқиқ мекунанд, ки оё вай (Ҳантер) қонунҳои андоз ё қонунҳои дигар, аз ҷумла қонунҳои лоббигарии ҳукуматҳои хориҷиро дар муомилоти тиҷорӣ дар Украина, Чин, Қазоқистон ва дигар кишварҳо нақз кардааст ё на", - менависад рӯзнома.
Маълумоти дигар низ пайдо шуданд: далелҳои эҳтимолии ширкати Байдени хурдӣ дар маблағгузории лабораторияҳои биологӣ дар Украина. Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” паёмҳои электрониро тасдиқ кард, ки вай ба ширкати тиббии “Metabiota” дар гирифтани шартномаҳои бисёрмиллиондолларӣ аз Ҳукумати ИМА барои таҳқиқи микроорганизмҳои марговар кӯмак кардааст.
Ҳуҷҷатҳо мегӯянд, ки ширкат ба пудратчии Пентагон “Black & Veatch” хидмат расонидааст. Ба гуфтаи мавод, маҳз вай дар Украина биолабораторияҳо сохтааст, то "омӯхтани агентҳои сироятӣ ё токсинҳое, ки сироятҳои эҳтимолии марговарро тавассути ҳаво интиқол медиҳад", роҳандозӣ шавад.
Гуфта мешавад, ки Байден хурдӣ “Метабиота”-ро ба ширкати энергетикии украинии “Burisma Holdings” овардааст. Якҷоя онҳо "лоиҳаи илмӣ"-ро амалӣ карданд, ки дар он лабораторияҳои дорои сатҳи баланди биологӣ дар Украина ҷалб карда шуданд.
Додситонии Делавэр ба таҳқиқи парвандаҳои молиётии Байдени хурдӣ дар авҷи маъракаи интихоботии падараш шуруъ кард. Худи Ҳантер итминон дод, ки вай "ба таври қонунӣ ва дуруст тиҷорат анҷом додааст, аз ҷумла бо кӯмаки мушовирони касбии андоз". Ҷозеф Байден "бо писараш хеле ифтихор мекард", ки "аз озмоишҳо гузаштааст ва бо ҳамлаҳои шахсии ашадӣ мубориза мебурд, ки танҳо ӯро қавитар мекарданд".
Бо вуҷуди ин Ҳантер ба падар ва модараш мушкилоти зиёде овард: мушкилот бо машрубот ва маводи мухаддир, талоқи ҷанҷолӣ, муносибат бо бевазани бародари калониаш, ки аз саратон фавтидааст.
Аммо агар ба ҳаёти шахсии Байдени хурдӣ бартарӣ дода шавад, ки пас парвандаи ҷанҷоли ширкати гази украинии “Бурисма” дар расонаҳо мунташир шуд. Ҳантер аз соли 2014 то 2019 дар Шӯрои директорони “Бурисма” кор кардааст. Дар он вақт Ҷозеф Байден, ки ноиби президент буд, дар ташаккули самти Украина дар сиёсати Амрико ширкат дошт.
Дар ихтиёри расонаҳо номае қарор гирифт, ки моҳи январи соли 2017 аз ҷониби шарики тиҷоратии Ҳантер Эрик Шверин навишта шуда буд. Ӯ он вақт президентии “Rosemont Seneca Partners”-ро ба уҳда дошт, ки аз ҷониби Байден хурдӣ таъсис ёфтааст. Дар ин паём ӯ гуфт, ки Ҳантер дар бораи эъломияи андоз дар соли 2014 маблағи 400 000 доллари барои кораш дар “Бурисма” гирифтаро гузориш надодааст. Шверин ба шарики худ маслиҳат дод, ки ба эъломияҳои андоз "иловаҳо ворид кунад".
Ҳамкории Ҳантер бо шарикони чинӣ низ суолҳоеро барои муфаттишон ба вуҷуд овард. Онҳо дар шустушӯи пул ва ҷиноятҳои марбути андоз гумонбар шуданд. Ин парвандаро агентҳои FBI, кормандони шуъбаи ҷиноии Хадамоти даромадҳои дохилии ИМА ҳал мекарданд. Боз як мукотибаи шахсии писари президент ба шабакаҳо баромад, ки аз он маълум шуд, як миллиардери чинӣ танҳо барои дастрасӣ ба тамосҳои муҳим ба ӯ дар як сол даҳ миллион доллар пардохт кардааст.
Трамп мехоҳад ба бозӣ баргардад
Парвандаи “Бурисма” дар маъракаи интихоботи президентии соли 2020 нақш бозид. Трамп итминон дод, ки Байден як сиёсатмадори ғаразнок аст: манфиатҳои писараш ба сиёсатҳои Вашингтон дар нисбати Украина таъсир расонданд.
Ҷозеф вазъиятро ба нафъи худ истифода кард. Демократҳо ин иттиҳомро ҳамчун кӯшиши Трамп барои дарёфти далелҳои созиш бар зидди рақиб муаррифӣ карданд, раҳбари Амрико ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор овард, то парвандаи “Бурисма” ба тавре тафтиш шавад, ки барои Байден мусоид бошад. Барои президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида ба импичмент эълон карда шуд, вале баъдан сафед карда шуд.
Чанд парвандаи ҷиноӣ алайҳи “Бурисма” кушода шуд, аммо онҳо нотамом монданд. Пас аз он Трамп расонаҳои амрикоиро барои он сарзаниш кард, ки достони Ҳантерро ба тормоз гузоштаанд. Ва аммо ин қазия дубора дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифт.
"Трамп тасмим гирифт, ки ӯро дубора матраҳ намояд: президенти собиқ таваҷҷуҳ ва PR-и манфиро дӯст медорад. Ҷумҳурихоҳон Байденро манфӣ ҷилва медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ӯ ҳатто аз уҳдаи оилаи худ намебарояд, на танҳо бо он кишваре мисли Русия, ки дасти нопок дорад, равобиташро пинҳон медорад. Дар маҷмуъ, онҳо мекӯшанд, ки қазияро ба охир расонанд, зеро бовар доранд, ки ӯ ҳоло дар сиёсати хориҷӣ хеле заиф аст", - мегӯяд Анастасия Бунина, ходими хурди илмии Маркази таҳқиқотии Амрикои Шимолии ММТИҶРБ-и ба номи Примаков.
Раҳбари ин марказ Виктория Журавлева мегӯяд, даври нави тафтишоти парвандаи Ҳантер Байден бо омодагӣ ба раванди интихоботи президентии соли 2024 алоқаманд аст.
"Ин як бозии шахсии Доналд Трамп аст, ки мехоҳад дубора интихоб шавад. Вай аз вазъияти кунунӣ истифода мекунад. Украина пайваста матраҳ мешавад, ба ҷуз ин ҳоло Байден рейтинги эътимоди хеле паст дорад. Трамп амалҳои Русия ва Байденро шарҳ медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки ба бозӣ баргардад", - гуфт ин сиёсатшинос.
Аммо Журавлева дар бораи зараи ин иқдомот ба демократҳо дар интихоботи тирамоҳии Конгресс зарар хоҳад расонд, шубҳа дорад. Вакили мудофеи собиқи умури молиёт Мэтт Мюллер гуфт, амалҳои ҳукумат ошкоро нишон медиҳанд, ки онҳо мехоҳанд мурофиаи додгоҳӣ баргузор шавад. Аммо ин далел нест, ки Байдени хурдӣ ба зудӣ айбдор карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки вазъият ба ҷаноби Байден низ чандон таъсир нахоҳад кард.