https://sputnik.tj/20220331/putin-roh-pardokht-gaz-1047242520.html
Путин ягона роҳи пардохти газро гуфт
Путин ягона роҳи пардохти газро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия механизмҳои идомаи пардохти гази Русияро бо пули хориҷӣ нишон дод
2022-03-31T21:00+0500
2022-03-31T21:00+0500
2022-03-31T21:00+0500
иқтисод
дар русия
энергетика
газ
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047232918_0:0:2919:1643_1920x0_80_0_0_39360687acb45193316976f3a0511278.jpg
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба нахуствазири Италия Марио Драгӣ дар бораи тартиби пардохти газ бо евро ва доллар хабар дод. Дар ин бора худи Драгӣ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Путин механизми гузариш бо рублро муфассал шарҳ додааст. Драгӣ қайд кард, ки дар ин масъала кормандони техникӣ бояд бо ҳам тамос гиранд, то дар бораи ҷузъиёт мувофиқат кунанд. "Ман фаҳмидам, ки интиқоли пардохтҳо аз евро ва доллар ба рубл як масъалаи дохилии Русия аст", - шарҳ дод ӯ. Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанновариро ҷорӣ карданд. Дар вокуниш ба ин амалҳо кишвардори Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки газро бо кишварҳои бегона бо рубл фурӯшанд. 31 март дар Кремл ҳисоботи аввалин дар бораи кори иҷрошуда дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин ҳаҷми таъминот, нархҳо ва низоми нархгузорӣ бетағйир боқӣ мемонанд.
https://sputnik.tj/20220331/turkiya-intiqol-gaz-rusiya-mushkil-1047224774.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047232918_63:0:2794:2048_1920x0_80_0_0_a42c19ee06c92e00ea6b7c0ddf6e13a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
газ, русия, асъор,
Путин ягона роҳи пардохти газро гуфт
Раҳбари Русия механизмҳои идомаи пардохти гази Русияро бо пули хориҷӣ нишон дод
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба нахуствазири Италия Марио Драгӣ дар бораи тартиби пардохти газ бо евро ва доллар хабар дод.
Дар ин бора худи Драгӣ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод.
"Қарордодҳо кор мекунанд, ширкатҳои аврупоӣ пардохтро бо евро ё доллар идома медиҳанд", - гуфт сиёсатмадори итолиёӣ.
Ба гуфтаи ӯ, Путин механизми гузариш бо рублро муфассал шарҳ додааст.
Драгӣ қайд кард, ки дар ин масъала кормандони техникӣ бояд бо ҳам тамос гиранд, то дар бораи ҷузъиёт мувофиқат кунанд.
"Ман фаҳмидам, ки интиқоли пардохтҳо аз евро ва доллар ба рубл як масъалаи дохилии Русия аст", - шарҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанновариро ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо кишвардори Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки газро бо кишварҳои бегона бо рубл фурӯшанд.
31 март дар Кремл ҳисоботи аввалин дар бораи кори иҷрошуда дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин ҳаҷми таъминот, нархҳо ва низоми нархгузорӣ бетағйир боқӣ мемонанд.