https://sputnik.tj/20220331/turkiya-intiqol-gaz-rusiya-mushkil-1047224774.html
Туркия бо интиқоли газ аз Русия мушкил надорад
Туркия бо интиқоли газ аз Русия мушкил надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, Анқара таҳрим ҷорӣ накардааст ва пайваста аз Русия газ мегирад
2022-03-31T13:40+0500
2022-03-31T13:40+0500
2022-03-31T21:06+0500
дар ҷаҳон
туркия
газ
дар русия
сиёсат
мавлуд чавушӯғлӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Туркия барои таъмини 40 дарсади талаботи худ аз Русия газ мехарад, мегӯяд Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии ин кишвар.Ӯ гуфт, чун Анкара ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашудааст, аз ин рӯ интиқоли газ бидуни мушкил сурат мегирад."Баъд аз оғози ҷанг ман дар бораи ниёзи Туркия ба гази Русия пурсидам. Пеш аз ҷанг он тақрибан 50% буд, ҳоло тақрибан 40% аст", - таъкид кард Човушуғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Haber".Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли гази Русия мушкиле вуҷуд надорад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 март дар Туркия музокироти навбатии Русия ва Украина сурат гирифт.Қабл аз оғози музокирот кишвардори Туркия бо намояндагони ҳар ду кишвар суҳбат намуд ва изҳор дошт, ки гуфтушуниди навбатӣ бояд натиҷабахш бошад."Вақти он расидааст, ки музокирот натиҷа диҳад. Дар Туркия мо инро самимона таманно дорем ва омодаем кумак кунем. <...> Ин суҳбатҳо метавонанд дар сурат гирифтани музокироти Русия ва Украина саҳм гузоранд. Туркия омода онро ташкил кунад”, - афзуда буд Эрдуғон.Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври ондайнӣ баргузор шаванд.
https://sputnik.tj/20220329/qodirov-muzokirot-rusiya-ukraina-tanqid-1047164028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия русия газ
Туркия бо интиқоли газ аз Русия мушкил надорад
13:40 31.03.2022 (Навсозишуда: 21:06 31.03.2022) Вазири умури хориҷии Туркия гуфт, Анкара таҳрим ҷорӣ накардааст ва пайваста аз Русия газ мегирад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Туркия барои таъмини 40 дарсади талаботи худ аз Русия газ мехарад, мегӯяд Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии ин кишвар.
Ӯ гуфт, чун Анкара ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашудааст, аз ин рӯ интиқоли газ бидуни мушкил сурат мегирад.
"Баъд аз оғози ҷанг ман дар бораи ниёзи Туркия ба гази Русия пурсидам. Пеш аз ҷанг он тақрибан 50% буд, ҳоло тақрибан 40% аст", - таъкид кард Човушуғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Haber".
Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли гази Русия мушкиле вуҷуд надорад.
"Ҳеҷ мушкилот вуҷуд надорад. Мо ба таҳримҳо напайвастаем ва бо назардошти нақши миёнаравии мо, ин нодуруст мебуд", - илова кард дипломати Туркия.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 март дар Туркия музокироти навбатии Русия ва Украина сурат гирифт.
Қабл аз оғози музокирот кишвардори Туркия бо намояндагони ҳар ду кишвар суҳбат намуд ва изҳор дошт, ки гуфтушуниди навбатӣ бояд натиҷабахш бошад.
"Вақти он расидааст, ки музокирот натиҷа диҳад. Дар Туркия мо инро самимона таманно дорем ва омодаем кумак кунем. <...> Ин суҳбатҳо метавонанд дар сурат гирифтани музокироти Русия ва Украина саҳм гузоранд. Туркия омода онро ташкил кунад”, - афзуда буд Эрдуғон.
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври ондайнӣ баргузор шаванд.