Медведев: Сиёсати русбадбинии Лаҳистон ба шаҳрвандон "зарба" мезанад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМарш националистов в Варшаве
Марш националистов в Варшаве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадор ба амалҳои аҷиби Ҳукумати Лаҳистон ишора кард, ки кӯшиши лоббӣ кардани иқдомҳои зидди Русияро дорад
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Манофеи иқтисодӣ ва рифоҳи шаҳрвандони Лаҳистон қурбони сиёсати русофобӣ мешавад, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар матлабе, ки барои хабаргузории Sputnik Лаҳистон омода кардааст.
Сиёсатмадор қайд мекунад, ки ҳоло яке аз масъалаҳои дарднок лоиҳаҳои газ мебошад.
Вай ҳамчунин ишора мекунад, ки чӣ гуна мақомоти Лаҳистон шаҳрвандонро бо "силоҳи газӣ"- и Русия метарсонанд.

"Соли 2020 Варшава то 10 миллиард метри мукааб гази Русия ворид кард, аммо ҳоло ният дорад, аз шартномаҳо даст кашад. Ҳаҷми интиқоли газ аз Русия ба Лаҳистон имсол дар муқоиса бо соли гузашта аллакай 13% коҳиш ёфтааст", - қайд мекунад Медведев.

Ба сифати ивазкунанда Лаҳистон захираҳои баръакси сӯзишвории кабуд аз Олмон ва воридоти гази моеъ аз ИМА, Норвегия ва Қатарро истифода мебарад.
"Манфиати иқтисодӣ қурбонии тасмимҳои бади сиёсӣ шудааст. Барои на он қадар кишвари сарватманди аврупоӣ ин муҳим аст", - таъкид мекунад, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Заминҳои Украина барои Лаҳистон луқмаи болаззат ба назар мерасанд
Медведев ҳамчунин аз иқдомоти Варшава алайҳи лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2" ва тавсеаи ҳузури ширкатҳои амрикоӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ёдовар шуд.
Лаҳистон, ба гуфтаи ин сиёсатмадор, мехоҳад ба як маркази аврупоӣ барои интиқоли гази моеъ аз Иёлоти Муттаҳида табдил шавад.
Бо ин мақсад аллакай дар Свинуйше терминали қабули газ сохта шуда, васеъ карда шуда истодааст, дар наздикии Гданск сохтани ҳамин гуна иншоот, пайвасткунакҳои газ бо Литва ва Словакия пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина, Варшаваи расмӣ дар баробари Вашингтон аз таҳримҳои якҷониба алайҳи Маскав ҷонибдорӣ кард. Бо вуҷуди даъватҳо дар бораи маҳдудият худи мақомоти Лаҳистон ба ҷорӣ кардани ин гуна чораҳо шитоб намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0