Чаро нақшаи ҷамъоварии пахта дар Суғд иҷро нашуд?

© Unsplash/Trisha DowningПоле хлопка
Поле хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд дар соли гузашта ҳамагӣ 91% иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Коҳиши майдони кишт ва камобӣ сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пахта дар Суғд арзёбӣ мешавад.
Ин нуктаро Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд зикр кард.
Ӯ изҳор намуд, ки маҳз ин ду омил ба ҳосилнокии пахта дар вилоят таъсири манфӣ расонд.
Юлдошзода гуфт, бо вуҷуди 9% камтар аз нақша ҷамъоварӣ шудани пахта дар Суғд бархе вилоятҳо нишондиҳандаҳоро беҳтар кардаанд. Аз ҷумла ноҳияи Ашт мисол оварда шуд, ки аз 1 гектар замин кишоварзони он то 31,5 сентнер пахта гирифтаанд. Таъкид гардид, чунин нишондиҳанда қаблан дар ноҳия ба мушоҳида намерасид.

"Имсол майдони кишти пахта дар қаламрави вилоят афзоиш меёбад, худи деҳқонон ба кишти пахта манфиатдоранд. Сабабаш болоравии нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад", - гуфт ӯ.

Сардори бахши кишоварзии Суғд бовар дорад, ки соли равон нақшаи ҷамъоварии пахта 100% иҷро хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар вилояти Суғд ҷамъоварии 134 ҳазор тонна "тилои сафед" дар назар буд.
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Аз алюминий то сементу пахта. Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон
Дар маҷмуъ майдони кишти пахта дар ҷумҳурӣ соли гузашта наздики 174 ҳазор гектарро ташкил дода, дар охири моҳи ноябр 394 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид.
Нахи пахта дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0