https://sputnik.tj/20220328/smm-tolibon-dukhtaron-tahsil-1047128095.html
СММ ба толибон: Ба ваъдаатон амал ва ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро эҳтиром кунед
СММ ба толибон: Ба ваъдаатон амал ва ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро эҳтиром кунед
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як баёния аз ҳукумати таҳти раҳбарии толибон даъват кардааст, мактабҳои духтаронаро боз кунанд
2022-03-28T14:50+0500
2022-03-28T14:50+0500
2022-03-28T18:21+0500
смм
толибон
таҳсил
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256907_0:94:3070:1821_1920x0_80_0_0_91a975cbf34cb4a23007a180903c21f2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар баёнияе аз баста шудани мактабҳои духтарона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карду аз давлати толибон хостааст, тааҳҳудоти худ дар мавриди боз кардани ҳама мактабҳои духтаронаро иҷро кунад. Дар ин изҳорот ба ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба таҳсил, бахусус духтарон бори дигар таъкид шудааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ҳамкориро бо “тамоми мақомоти марбутаи Афғонистон” дар ин замина идома медиҳад.Шӯрои амнияти СММ хостори дарёфти иттилооти бештар шуда ва бар аҳамияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят ва омӯзиш аз Афғонистон таъкид кардааст. Аъзои ин шӯро ҳамчунин ба нақши ҳамоҳангсози намояндагии СММ дар Афғонистон дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон гуфтаанд. Маврид ба зикр аст, ки бо суқути ҳукумати қаблӣ толибон бештар дар нисбати занон маҳдудият ҷорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқ ва фаъолияташон маҳрум мекунанд. Аз сӯйи дигар толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд ва духтарони аз синфи шаш болоро ба мактаб иҷоза надоданд. Ҷабҳаи муқовимат: Толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунандОнҳо гуфтаанд, ки бо норасоии омӯзгорони зан рӯ ба рӯ ҳастанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки толибон ахиран эълом кардаанд, бо фарорасии моҳи Рамазон донишгоҳҳои духтаронаро низ барои муддате баста хоҳанд кард.Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон дар пайи ин амалкард гуфт, толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд ва мардуми ин кишварро гаравгон гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220325/tolibon-huzuri-gustardai-dukhtaron-makotib-tars-1047084329.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256907_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_741c86997d23ae9012c21e9eda3720ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм толибон духтарон таҳсил
смм толибон духтарон таҳсил
СММ ба толибон: Ба ваъдаатон амал ва ҳуқуқи духтарон ба таҳсилро эҳтиром кунед
14:50 28.03.2022 (Навсозишуда: 18:21 28.03.2022) Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як баёния аз ҳукумати таҳти толибон даъват кардааст, мактабҳои духтаронаро боз кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар баёнияе аз баста шудани мактабҳои духтарона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карду аз давлати толибон хостааст, тааҳҳудоти худ дар мавриди боз кардани ҳама мактабҳои духтаронаро иҷро кунад.
Дар ин изҳорот ба ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба таҳсил, бахусус духтарон бори дигар таъкид шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ҳамкориро бо “тамоми мақомоти марбутаи Афғонистон” дар ин замина идома медиҳад.
Шӯрои амнияти СММ хостори дарёфти иттилооти бештар шуда ва бар аҳамияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят ва омӯзиш аз Афғонистон таъкид кардааст.
Аъзои ин шӯро ҳамчунин ба нақши ҳамоҳангсози намояндагии СММ дар Афғонистон дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон гуфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо суқути ҳукумати қаблӣ толибон бештар дар нисбати занон маҳдудият ҷорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқ ва фаъолияташон маҳрум мекунанд. Аз сӯйи дигар толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд ва духтарони аз синфи шаш болоро ба мактаб иҷоза надоданд.
Онҳо гуфтаанд, ки бо норасоии омӯзгорони зан рӯ ба рӯ ҳастанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки толибон ахиран эълом кардаанд, бо фарорасии моҳи Рамазон донишгоҳҳои духтаронаро низ барои муддате баста хоҳанд кард.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон дар пайи ин амалкард гуфт, толибон аз ҳуқуқи башар барои ба расмият шинохтани худ истифода мекунанд ва мардуми ин кишварро гаравгон гирифтаанд.