https://sputnik.tj/20220331/lavrov-nato-osiyo-markazi-qabul-nest-1047224003.html
Лавров: Истиқрори зерсохторҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
Лавров: Истиқрори зерсохторҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, истиқрори зерсохтори низомии НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
2022-03-31T13:20+0500
2022-03-31T13:20+0500
2022-03-31T21:03+0500
сергей лавров
нато
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047202248_0:256:2946:1913_1920x0_80_0_0_f8963d6afae647e1675816c63b412902.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш истиқрори зерсохторҳои низомии ИМА ва НАТО дар Осиёи Марказиро ғайриқобили қабул медонад. Ба гуфтаи вай, чунин тарҳҳо мухолифи манофеъи амниятии кишварҳои минтақа ва бо ӯҳдадориҳое, ки аз асноди оинномаи Созмони gаймони fмнияти Дастаҷамъӣ бармеоянд, мухолиф аст.Артиши ИМА ва НАТО пас аз 20 соли нокомӣ дар Афғонистон шаби 31 август хоки ин кишварро тарк карданд. Ба дунбол хабарҳое дар расонаҳо нашр шуд, ки ИМА барои нигоҳ доштани нуфузаш дар минтақа барои сохтани пойгоҳ дар яке аз кишварҳои ОМ талош дорад.Аз ҷумла нашрияи "Politico" бо истинод ба сенаторҳои амрикоӣ хабар дода буд, ки Вашингтон музокиротро бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави худ барои амалиёт дар Афғонистон оғоз кардааст.Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар шевае гуфтушунид бо ИМА барои мустақар кардани низомиёнаш дар қаламравашон рад карданд.Дар пайи ин коршиносон изҳор дошта буданд, ки ҷойгиркунии иншооти низомӣ дар Осиёи Марказӣ маънои эҷоди "мушти қудратӣ" алайҳи Русия ва Чинро дорад.Ба гуфтаи сиёсатшинос Никита Мендкович, Амрико талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба як бозии нопок кашад.Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20220331/lavrov-naqsha-doish-besuboti-osiyo-markazi-1047220728.html
https://sputnik.tj/20220214/putin-nato-sharq-khatarnok-1045846605.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1e/1047202248_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_8ff856b5955e55af377eb2bb5fe9e91f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров истиқрор нато осиёи марказӣ
лавров истиқрор нато осиёи марказӣ
Лавров: Истиқрори зерсохторҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
13:20 31.03.2022 (Навсозишуда: 21:03 31.03.2022) Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, истиқрори зерсохтори низомии НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш истиқрори зерсохторҳои низомии ИМА ва НАТО дар Осиёи Марказиро ғайриқобили қабул медонад.
"Чунон ки мо қаблан изҳор доштем, истиқрори ҳама гуна инфрасохтори низомии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ё афғонҳоеро, ки ба онҳо хидмат мекунанд, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ғайриқобили қабул мешуморем",- гуфт Лавров дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон
Ба гуфтаи вай, чунин тарҳҳо мухолифи манофеъи амниятии кишварҳои минтақа ва бо ӯҳдадориҳое, ки аз асноди оинномаи Созмони gаймони fмнияти Дастаҷамъӣ бармеоянд, мухолиф аст.
Артиши ИМА ва НАТО пас аз 20 соли нокомӣ дар Афғонистон шаби 31 август хоки ин кишварро тарк карданд. Ба дунбол хабарҳое дар расонаҳо нашр шуд, ки ИМА барои нигоҳ доштани нуфузаш дар минтақа барои сохтани пойгоҳ дар яке аз кишварҳои ОМ талош дорад.
Аз ҷумла нашрияи "Politico" бо истинод ба сенаторҳои амрикоӣ хабар дода буд, ки Вашингтон музокиротро бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави худ барои амалиёт дар Афғонистон оғоз кардааст.
Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар шевае гуфтушунид бо ИМА барои мустақар кардани низомиёнаш дар қаламравашон рад карданд.
Дар пайи ин коршиносон изҳор дошта буданд, ки ҷойгиркунии иншооти низомӣ дар Осиёи Марказӣ маънои эҷоди "мушти қудратӣ" алайҳи Русия ва Чинро дорад.
Ба гуфтаи сиёсатшинос Никита Мендкович, Амрико талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба як бозии нопок кашад.
Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст.