Путин тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок хонд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с членами "Деловой России"
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Президенти Русия тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок номид
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар суҳбат бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар бораи посухҳои марбути кафолатҳои амниятии тавсеаи НАТО ба самти Шарқ аз ҳисоби ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Украинаро беохир ва хеле хатарнок номид.
"Сергей Викторович, мо имрӯз бо Шумо мувофиқа кардем, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия нуқтаи назари худро дар бораи пешниҳодҳои Русия ва посухҳое, ки ба мо ҳамкасбони амрикоиамон дар Вашингтон ва ҳамкасбони Атлантикаи Шимолӣ дар Брюссел оид ба ташкили масъалаҳои марбут ба Атлантикаи Шимолӣ фиристодаанд, баён кунед", - гуфт Путин.
"Шумо бо ҳамкасбони дигар идораҳо ва вазоратхонаҳо низ ҳамкорӣ кардаед. Ва, албатта, ман мехоҳам, таҳлилу пешниҳодҳои шуморо дар бораи вокуниш ба посухҳои Вашингтон ва Брюссел бишнавам", - гуфт президент.
Қарор аст, рӯзи душанбе Путин бо вазири дифоъ Сергей Шойгу низ мулоқот кунад.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
ИМА Украинаро ба ҷанг мекашад
Дар пайи як гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Русия ва Амрико рӯзи шанбе Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, Русия ба зудӣ посухи худро ба Амрико ва НАТО дар мавриди кафолати амниятӣ хоҳад расонд.
Авохири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятиро нашр кард.
Маскав аз шарикони ғарбии худ худдорӣ аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти Шарқ, пайвастани Украина ба он ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравиро талаб мекунад.
Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банде дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.
Дар охири моҳи январ ИМА ва НАТО ба Маскав посухҳои хаттӣ ба пешниҳодҳои Русия дар бораи кафолатҳои амниятӣ фиристоданд.
Лентаи хабарҳо
0