https://sputnik.tj/20220331/javon-dukhtarozor-dushanbe-habs-1047237675.html
Ду ҷавони духтарозорро дар Душанбе ҳабс карданд
Ду ҷавони духтарозорро дар Душанбе ҳабс карданд
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди ҳабсу ҷарима кардани ҷавонони зиёд барои озор додани духтарону бонувон дар Душанбе, ҳамоно ин ҳолатҳо
2022-03-31T18:50+0500
2022-03-31T18:50+0500
2022-03-31T19:16+0500
душанбе
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/81/1029398130_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_0535f58d8e58d51aebad7fec7dfbef90.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Душанбе кормандони милисаи пойтахт ду ҷавонро барои таҳқир ва озор додани духтарон дастгир ва ҳабс намуданд.Ба иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як видео аз онҳо дархост карданд, нисбати ҷавононе, ки наворбардорӣ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад.Ин ду ҷавон, ки яке 25 ва дигаре 26-сола мебошад, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, номбурдагон дар кӯчаи Фирдавсӣ, дар назди маркази савдои "Содот" нисбати ду нафар апаву хоҳар беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.Дар ҳамин ҳол нисбати онҳо, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.Бо қарори суд нисбати яке ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбат ба дигаре ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс таъйин карда шуд.
https://sputnik.tj/20220306/habsi-konduktor-dushanbe-piramard-dashnom-1046581016.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/81/1029398130_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_a3cb77cf44f6729b164ec9b3c14cce91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ҷавонон ҳабс
Ду ҷавони духтарозорро дар Душанбе ҳабс карданд
18:50 31.03.2022 (Навсозишуда: 19:16 31.03.2022) Бо вуҷуди ҳабсу ҷарима кардани ҷавонони зиёд барои озор додани духтарону бонувон дар Душанбе ҳолоти дигаре аз чунин рафтор расонаӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Душанбе кормандони милисаи пойтахт ду ҷавонро барои таҳқир ва озор додани духтарон дастгир ва ҳабс намуданд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як видео аз онҳо дархост карданд, нисбати ҷавононе, ки наворбардорӣ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ин ду ҷавон, ки яке 25 ва дигаре 26-сола мебошад, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.
"Онҳо нисбати ду нафар ҷавонзани пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст задаанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, номбурдагон дар кӯчаи Фирдавсӣ, дар назди маркази савдои "Содот" нисбати ду нафар апаву хоҳар беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.
Дар ҳамин ҳол нисбати онҳо, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо қарори суд нисбати яке ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбат ба дигаре ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс таъйин карда шуд.