Аз дарёи Душанбе ҷасади шахси номаълум пайдо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Феълан шахси марҳум номаълум буда, ҳамчунин маълум нест, ки ӯ дар чӣ шароит ғарқ шудааст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади марди ношиносеро пайдо кардаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кормандони ин ниҳодро шаҳрвандон бо занги телефон аз иттифоқи ҳодисаи мазкур хабар додаанд.

"Ба қисмати навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошингузари бозори пешини "Султони Кабир", дар дохили рӯди "Душанбе" ҷасади нафаре намоён аст", - омадааст дар хабари КҲФ.

Манбаъ меафзояд, баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Наҷот ёфтани зани 33-солае, ки мехост, дар дарёи Сир худкушӣ кунад
Кормандони дастаи наҷот ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ супориданд.
То нашри ин хабар шахси ҷасад маълум нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0