Наҷот ёфтани зани 33-солае, ки мехост, дар дарёи Сир худкушӣ кунад

© КЧС ТаджикистанаСпасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд занеро аз худкушӣ наҷот додаанд
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Як зани 33- сола, сокини шаҳри Хуҷандро, ки мехост, дар дарёи Сир худкушӣ кунад, кормандони КҲФ дар ин шаҳр ӯро наҷот додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, ба қисми навбатдории раёсат хабар расид, ки зане худро ба Сирдарё андохтаву қасди худкушӣ дорад.

"Ин ҳодиса 30-юми январи соли 2022, соати 15:30 дақиқа дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Як зани 33-сола, ки сокини шаҳри Хуҷанд буд, худро ба дарё сарозер кард, то ба ҳаёти хеш поён диҳад",- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, бо дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагон зуд ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро аз об ба соҳил баровардаанду кумакҳои аввалияи тиббиро ба ӯ расонданд.
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Наҷоти ҷавонзане, ки мехост худро ба рӯди Сир партояд
Манбаъ мегӯяд, зани ҷавон аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кард.
Ин ниҳод гуфтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои талоши худкушии ин сокини Хуҷандро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати наҷоти афроде, ки дар рӯди Сир қасди худкушӣ доштанд, набуда, дар гузашта низ кормандони КҲФ ва БДА аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0