https://sputnik.tj/20220331/bozdosht-sherov-hamrohon-muhammadboqir-khorugh-1047238723.html
Боздошти Шеров, яке аз ҳамроҳони Маҳмадбоқиров дар Хоруғ
Боздошти Шеров, яке аз ҳамроҳони Маҳмадбоқиров дар Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот яке аз шарикони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро, ки дар авбошӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият муттаҳам мешуд боздошт кардааст
2022-03-31T17:28+0500
2022-03-31T17:28+0500
2022-03-31T19:35+0500
хоруғ
вмкб
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_0:0:2908:1635_1920x0_80_0_0_867bc74b400a0371e1082052c82dacd1.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Манучеҳр Шеров Мисжитовичро, ки қаблан дар захмӣ кардани маъмурини пулис муттаҳам мегардид, боздошт кардааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Манучеҳр Шеров дар шаҳри Хоруғ 31 март боздошт гардидааст.Гуфта мешавад, номбурда 14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30 дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд.Тибқи иттилои ВКД, аз 9 декабри соли 2021 дастгиршуда бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3, банди "а" ва 330, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.Манбаъ мегӯяд, қаблан аз ҷониби прокуратураи ВМКБ ба боздоштшуда 4 бор даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале номбурда аз иҷрои даъват саркашӣ намуда, ягон бор барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст.Инчунин ӯ чандин бор дар бораи фавоиди ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан мутталеъ шуда буд, аммо бо вуҷуд ба даъвати мақомот посухи мусбат надодааст.Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло ҳаракатҳои тафтишотӣ аз ҷониби додситонии вилоят идома дорад.Моддаҳое, ки Шеров ба он муттаҳам мегардад (237), ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол, ҳамзамон моддаи 330 корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 580 то 240 соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз ду моҳ то як солро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220213/amriddin-alovatshoev-russia-bargasht-maqomot-1045803432.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_73:0:2661:1941_1920x0_80_0_0_7f51999c549234645f8050ed88992505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт шеров ҳамроҳон муҳаммадбоқир хоруғ
боздошт шеров ҳамроҳон муҳаммадбоқир хоруғ
Боздошти Шеров, яке аз ҳамроҳони Маҳмадбоқиров дар Хоруғ
17:28 31.03.2022 (Навсозишуда: 19:35 31.03.2022) Мақомот яке аз шарикони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро, ки дар авбошӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият муттаҳам мешуд, боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Манучеҳр Шеров Мисжитовичро, ки қаблан дар захмӣ кардани маъмурини пулис муттаҳам мегардид, боздошт кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Манучеҳр Шеров дар шаҳри Хоруғ 31 март боздошт гардидааст.
"31 марти соли ҷорӣ айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятии 27534 Шеров Манучеҳр Мисжитович, санаи таваллудаш 23.04.1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ дастгир шуд", — омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД дар ВМКБ.
Гуфта мешавад, номбурда 14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30 дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, онҳоро захмдор намуда буд.
Тибқи иттилои ВКД, аз 9 декабри соли 2021 дастгиршуда бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3, банди "а" ва 330, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Манбаъ мегӯяд, қаблан аз ҷониби прокуратураи ВМКБ ба боздоштшуда 4 бор даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале номбурда аз иҷрои даъват саркашӣ намуда, ягон бор барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст.
Инчунин ӯ чандин бор дар бораи фавоиди ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан мутталеъ шуда буд, аммо бо вуҷуд ба даъвати мақомот посухи мусбат надодааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло ҳаракатҳои тафтишотӣ аз ҷониби додситонии вилоят идома дорад.
Моддаҳое, ки Шеров ба он муттаҳам мегардад (237), ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол, ҳамзамон моддаи 330 корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 580 то 240 соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз ду моҳ то як солро пешбинӣ мекунад.