https://sputnik.tj/20220213/amriddin-alovatshoev-russia-bargasht-maqomot-1045803432.html
Амриддин Аловатшоев гуфт, ихтиёрӣ аз Русия баргашту худро ба мақомот супурд
Амриддин Аловатшоев гуфт, ихтиёрӣ аз Русия баргашту худро ба мақомот супурд
Sputnik Тоҷикистон
Телевизиони давлатии "Бадахшон" муроҷиатномаи Амриддин Аловатшоевро нашр кардааст
2022-02-13T09:40+0500
2022-02-13T09:40+0500
2022-02-14T12:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бадахшон
боздошт
муроҷиат
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/16/1025331614_0:0:7952:4473_1920x0_80_0_0_d096b57a654877ce225cba091ab355f9.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Амриддин Аловатшоев аз тариқи телевизиони "Бадахшон" бо қироати як муроҷиатнома изҳор дошт, ки ихтиёрӣ худро таслими мақомоти Тоҷикистон кардааст. Дар муроҷиатномаи нашршуда Аловатшоев аз корҳои кардааш изҳори пушаймонӣ намуда мегӯяд, хатоҳояшро фаҳмидааст. Ӯ гуфт, 11-уми январ, баъди он ки фаҳмидаанд, ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав алайҳи ҳодисаҳои моҳи ноябрии Хоруғу Роштқалъа ғайриқонунӣ будааст, қасди фирор ба Украина намудааст. Вай идома дод, ки дар наздикии марз фикрашро тағйир дода, нахостааст, як умр фирорӣ бошад ва бинобар ин ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Душанбе парвоз кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Душанбе худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст. Аловатшоев инчунин истифодаи шиканҷаро нисбаташ беасос хонда, илова менамояд, ки дар боздоштгоҳ муносибат бо ӯ қонунисту касе азобаш намедиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки тавба кардаасту баъди ба озодӣ баромадан ба хидмати наздиконаш машғул мешавад. Шароити сабти навор ва назари бевоситаи ҷониби ҳимояи Амриддин Аловатшоев дар бораи ин муроҷиатнома маълум нест. Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфта буд, Амриддин Аловатшоев дар ташкили издиҳоми ғайриқонунӣ айбдор мешавад.Вазир дар идома ба генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дастур дод, ки иттиҳомоти дигар алайҳи Аловатшоевро пешниҳоди расонаҳо кунад.Генерал Ҳафиззода гуфт, Аловатшоев барои гирифтани гаравгон, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар ҷиноятҳои хусусияти муташаккилдошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
https://sputnik.tj/20220202/rusiya-bargasht-bozdosht--rahimzoda-aybi-alovatshoev-1045409364.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/16/1025331614_994:0:6958:4473_1920x0_80_0_0_2008b2acd5873ecc14d7ecef053e3554.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
телевизион, бадахшон, давлатӣ, нашр, ихтиёрӣ, таслим, мақомот
телевизион, бадахшон, давлатӣ, нашр, ихтиёрӣ, таслим, мақомот
Амриддин Аловатшоев гуфт, ихтиёрӣ аз Русия баргашту худро ба мақомот супурд
09:40 13.02.2022 (Навсозишуда: 12:32 14.02.2022) Телевизиони давлатии "Бадахшон" муроҷиатномаи Амриддин Аловатшоевро нашр кардааст, ки аз роҳбарони ғайрирасмии зодагони ноҳияи Роштқалъа дар Русия муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Амриддин Аловатшоев аз тариқи телевизиони "Бадахшон" бо қироати як муроҷиатнома изҳор дошт, ки ихтиёрӣ худро таслими мақомоти Тоҷикистон кардааст.
Дар муроҷиатномаи нашршуда Аловатшоев аз корҳои кардааш изҳори пушаймонӣ намуда мегӯяд, хатоҳояшро фаҳмидааст.
Ӯ гуфт, 11-уми январ, баъди он ки фаҳмидаанд, ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав алайҳи ҳодисаҳои моҳи ноябрии Хоруғу Роштқалъа ғайриқонунӣ будааст, қасди фирор ба Украина намудааст.
Вай идома дод, ки дар наздикии марз фикрашро тағйир дода, нахостааст, як умр фирорӣ бошад ва бинобар ин ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Душанбе парвоз кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Душанбе худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст.
Аловатшоев инчунин истифодаи шиканҷаро нисбаташ беасос хонда, илова менамояд, ки дар боздоштгоҳ муносибат бо ӯ қонунисту касе азобаш намедиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки тавба кардаасту баъди ба озодӣ баромадан ба хидмати наздиконаш машғул мешавад.
Шароити сабти навор ва назари бевоситаи ҷониби ҳимояи Амриддин Аловатшоев дар бораи ин муроҷиатнома маълум нест.
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфта буд, Амриддин Аловатшоев дар ташкили издиҳоми ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
"Аз Русия баргашт, мо ӯро дастгирӣ кардем, чунки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Барои ташкили издиҳом дар шаҳри Хоруғ", - изҳор дошт Раҳимзода.
Вазир дар идома ба генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дастур дод, ки иттиҳомоти дигар алайҳи Аловатшоевро пешниҳоди расонаҳо кунад.
Генерал Ҳафиззода гуфт, Аловатшоев барои гирифтани гаравгон, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар ҷиноятҳои хусусияти муташаккилдошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.