Посухи вазири Олмон ба суоле, ки кай захираи газ дар ин кишвар тамом мешавад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкГазокомпрессорная станция Gascade в Айслебене
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Вазири иқтисоди Олмон аз посухи мушаххас ба ин суол, ки захираи газ дар ин кишвар кай тамом мешавад, худдорӣ намуда, чанд омилро ном бурдааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Суол дар мавриди захираи гази Олмон барои чанд муҳлат мерасад, хислати иғвогароёна дорад, изҳор дошт Роберт Хабек, вазири иқтисоди ин кишвар.
Газ барои чанд муддат мерасад, аз бисёр омилҳо вобаста аст, аз ҳаҷми истифодаи он, аз обуҳаво. Дар сурати истифодаи бештар захираҳо зудтар холӣ мешаванд. Феълан ҳаво гармтар асту захираҳо афзоиш ёфтаанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Хабек.
Ба гуфтаи вазири иқтисоди Олмон, анборҳои гази ин кишвар ба андозаи 25% пур шудаанд ва тайи рӯзҳои охир захираҳо каме афзоиш ёфтаанд.
Ин мавзуъ дар Аврупо дар ҳоле мубрам шуда истодааст, ки Русия тасмим гирифтааст, фурӯши газашро ба ивази рубл роҳандозӣ кунад.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирад
Ахиран сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, харидории гази ин кишвар танҳо бо рубл имконпазир хоҳад шуд, чун дар шароити ҷанги иқтисодие, ки роҳандозӣ гардидааст, омилҳои бозор тағйир ёфтаанд.
Намояндаи Кремл дар ин зимн таъкид намуд, ки ширкатҳо бояд ба ивази пули худ, аз ҷумла евро ва доллар рубл бихаранду бо он пули газро пардохт намоянд.
Вай изҳори бовар намуд, ки пешниҳоди Русия дар бозори газ аз рӯи нарх, таъминот ва муътамадӣ беҳтарин аст.
"Гузинаи дигаре барои гази Русия вуҷуд надорад. Ҳамаи интихобҳои дигар бадтар мебошанд", - илова намуд сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба кабинаи вазирон, Бонки марказӣ ва "Газпром" то 31 март муҳлат дод, ки фурӯши газро аз асъор ба пули миллӣ гузаронанд.
Ӯ гуфт, ин иқдом нисбати кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳое амалӣ мешаванд, ки алайҳи Русия маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0