Қосим Роҳбар аз сохтмони фабрикаи парандапарварӣ дидан карду ба масъулин супориш дод

© Sputnik / Амир ИсаевКосим Рахбар. Архивное фото
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Дар корхона 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, аксари онҳо сокинони ноҳияи Ҳисор мебошанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҳисор сохтмони фабрикаи парандапарварӣ идома дорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин шаҳр, фабрикаи макур дар деҳаи Ситораи ҷамоати деҳоти Навобод ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.
Манбаъ меафзояд, аз рафти сохтмон иҷрокунандаи раиси ноҳия Қосим Роҳбар аз наздик шинос шудааст. Қосим Роҳбар пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориши шинонидани гулу буттаҳо ва дарахту ниҳолҳои ороишӣ дар роҳраву назди бинои мазкурро дод.
Куриные яйца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Бо розигии президент ва дастури сарвазир: азми Тоҷикистон барои содироти тухми мурғ
Гуфта мешавад, фабрикаи парандапарварӣ мувофиқи лоиҳа дуошёна буда, дар майдони 4 гектар бунёд мешавад.
"Дар он 40 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, дар оянда имконияти зиёд кардани саршумори мурғҳо дар назар аст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ин корхона барои 60 нафар ҷойи кори доимӣ бо тамоми шароит ва маоши хуб фароҳам оварда шудааст.
Феълан корҳои сохтмонӣ идома доранд ва устоҳои маҳаллӣ ба сохтани лона барои тухмгузории мурғҳо машғуланд.
Лентаи хабарҳо
0