https://sputnik.tj/20220205/tojikiston-sodirot-tukhmi-1045523671.html
Бо розигии президент ва дастури сарвазир: азми Тоҷикистон барои содироти тухми мурғ
Бо розигии президент ва дастури сарвазир: азми Тоҷикистон барои содироти тухми мурғ
Sputnik Тоҷикистон
Содирот асосан ба кишварҳои ҳамсоя сурат хоҳад гирифт 05.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-05T12:36+0500
2022-02-05T12:36+0500
2022-02-07T12:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
тухми мурғ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315993_0:43:2047:1194_1920x0_80_0_0_9b7b012094c2eb0d795d54942e969c26.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон азм дорад, содироти тухми мурғро ба роҳ монад.Дар ин бора Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ раҳбари агентӣ Шавкат Бобозода бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухми мурғ дидор дошт.Зимни суҳбат бо соҳибкорон Бобозода гуфтааст, ки бо розигии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва супориши сарвазири кишвар ба содироти намудани тухм дастур дода шуд.Аммо гуфта мешавад, содирот бо дарназардошти таъмини аввалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ сурат хоҳад гирифт. Раҳбари агентӣ ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухм тавсия додааст, ки содироти тухм бо дарназардошти таъмини авалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад. Дар ҷараёни машварат бо таклифу дархости намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ масъалаҳои зиёд намудани истеҳсол, баланд бардоштани сифати тухм ва гӯшти мурғ, ташкили майдонҳои кишти хӯроки паранда ва корхонаҳои коркарди он, дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мурғӣ, инчунин рушди иқтидорҳои содиротии соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ба соҳибкорон дастур дода шудааст, имтиёзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод карда шудаанд, самаранок истифода бурда, барои боз ҳам зиёд намудани содироти тухм ба давлатҳои ҳамсоя бо сифати баланд тадбир андешанд. Ба роҳ мондани содироти тухм ба хориҷ дар ҳолест, ки дар бозорҳои дохилии кишвар як бастаи тухм аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад. Гуфта мешавад, содироти бештари ин навъи маҳсулот асосан ба Ӯзбекистон сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20220131/afzoishi-istehsoli-gushti-murgh-tojikiston-1045351261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315993_180:0:1997:1363_1920x0_80_0_0_4afd9673640af97504be0efb82a12e43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон содирот тухм мурғ
тоҷикистон содирот тухм мурғ
Бо розигии президент ва дастури сарвазир: азми Тоҷикистон барои содироти тухми мурғ
12:36 05.02.2022 (Навсозишуда: 12:20 07.02.2022) Содирот асосан ба кишварҳои ҳамсоя сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон азм дорад, содироти тухми мурғро ба роҳ монад.
Дар ин бора Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ раҳбари агентӣ Шавкат Бобозода бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухми мурғ дидор дошт.
Зимни суҳбат бо соҳибкорон Бобозода гуфтааст, ки бо розигии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва супориши сарвазири кишвар ба содироти намудани тухм дастур дода шуд.
Аммо гуфта мешавад, содирот бо дарназардошти таъмини аввалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ сурат хоҳад гирифт.
Раҳбари агентӣ ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухм тавсия додааст, ки содироти тухм бо дарназардошти таъмини авалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни машварат бо таклифу дархости намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ масъалаҳои зиёд намудани истеҳсол, баланд бардоштани сифати тухм ва гӯшти мурғ, ташкили майдонҳои кишти хӯроки паранда ва корхонаҳои коркарди он, дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мурғӣ, инчунин рушди иқтидорҳои содиротии соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба соҳибкорон дастур дода шудааст, имтиёзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод карда шудаанд, самаранок истифода бурда, барои боз ҳам зиёд намудани содироти тухм ба давлатҳои ҳамсоя бо сифати баланд тадбир андешанд.
Ба роҳ мондани содироти тухм ба хориҷ дар ҳолест, ки дар бозорҳои дохилии кишвар як бастаи тухм аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад.
Гуфта мешавад, содироти бештари ин навъи маҳсулот асосан ба Ӯзбекистон сурат мегирад.