https://sputnik.tj/20220330/muhojiron-pulis-jazo-sakht-1047211325.html
Муҳоҷироне, ки ба пулис ҳуҷум карда буданд, ҷазои сахт мегиранд
Муҳоҷироне, ки ба пулис ҳуҷум карда буданд, ҷазои сахт мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Тафтишоти шаҳрвандони хориҷӣ барои муайян кардани тақрибан 25 нафаре, ки қонуни буду бош дар Русияро вайрон кардаанд, кумак кард: 8 нафари онҳо депорт ва 4 нафари дигар ба ватан бармегарданд
2022-03-30T21:00+0500
2022-03-30T21:00+0500
2022-03-30T21:00+0500
муҳоҷират
қавонин
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101336/27/1013362765_0:0:3299:1856_1920x0_80_0_0_2cdacb4c00d8bd30b1d5374a7ce0cdb0.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" бо пулис задухӯрд карданд, дар Русия ғайриқонунӣ иқомат мекардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Москва 24" хабар додааст. Ин шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт кор мекарданд ва дар манзили иҷора ба сар мебурданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кору манзил таъмин кардаанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса моҳи феврали соли 2022 рух дода буд. Дар истгоҳи метрои "Тулская" пулис шаҳрвандони хориҷиро барои тафтиши асноди онҳо амр кардааст. Муҳоҷирон ба дархости мақомоти интизомӣ итоат накардаанд.Баъди ин дар байни хориҷиён ва пулис задухӯрд ба амал омад. Яке аз ҳамлагарон дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, ба дувумӣ муяссар шуд, ки фирор кунад. Ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст. Вай иддао кардааст, ки пулисро тела додааст, вале назадааст. Акнун ин муҳоҷиронро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот маъмурони интизомӣ ҳудуди 25 ҳолати нақзи қонунҳои Русияро ошкор кардаанд. Дар посух ба мавориди нақзи қонуни фавқуззикр 8 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ мешаванд ва 4 нафари дигар мустақилона ба зодгоҳашон бармегарданд. Мутахассисон аллакай тафтишро дар ин самт анҷом дода, асноди заруриро ба додгоҳ фиристодаанд.
https://sputnik.tj/20220330/man-taksi-khorijiyon-rusia-1047205775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101336/27/1013362765_272:0:3003:2048_1920x0_80_0_0_7ccec301936f5c19b5da60b475d1db2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, ҷазо, русия, пулис,
муҳоҷирон, ҷазо, русия, пулис,
Муҳоҷироне, ки ба пулис ҳуҷум карда буданд, ҷазои сахт мегиранд
Муҳоҷиронеро, ки дар метро ба кормандони пулис ҳамла кард буданд, то 5 соли зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" бо пулис задухӯрд карданд, дар Русия ғайриқонунӣ иқомат мекардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Москва 24" хабар додааст.
Ин шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт кор мекарданд ва дар манзили иҷора ба сар мебурданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кору манзил таъмин кардаанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса моҳи феврали соли 2022 рух дода буд. Дар истгоҳи метрои "Тулская" пулис шаҳрвандони хориҷиро барои тафтиши асноди онҳо амр кардааст. Муҳоҷирон ба дархости мақомоти интизомӣ итоат накардаанд.
Баъди ин дар байни хориҷиён ва пулис задухӯрд ба амал омад. Яке аз ҳамлагарон дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, ба дувумӣ муяссар шуд, ки фирор кунад. Ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст.
Вай иддао кардааст, ки пулисро тела додааст, вале назадааст. Акнун ин муҳоҷиронро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот маъмурони интизомӣ ҳудуди 25 ҳолати нақзи қонунҳои Русияро ошкор кардаанд.
Дар посух ба мавориди нақзи қонуни фавқуззикр 8 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ мешаванд ва 4 нафари дигар мустақилона ба зодгоҳашон бармегарданд.
Мутахассисон аллакай тафтишро дар ин самт анҷом дода, асноди заруриро ба додгоҳ фиристодаанд.