https://sputnik.tj/20220330/man-taksi-khorijiyon-rusia-1047205775.html
Чаро қирғиз метавонаду тоҷику ӯзбек не? Нигаронии Поставнин аз манъи рондани таксӣ
Чаро қирғиз метавонаду тоҷику ӯзбек не? Нигаронии Поставнин аз манъи рондани таксӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди он, ки чунин таҷриба дар ҷаҳон вуҷуд дорад, аммо дар Русия вазъ дигар аст, ба эътиқоди коршинос
2022-03-30T18:46+0500
2022-03-30T18:46+0500
2022-03-30T19:24+0500
муҳоҷират
ронанда
коршинос
такси
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102089/34/1020893470_0:191:2018:1326_1920x0_80_0_0_e2818461400451a3bf877e2a59dede8f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Русия набояд кор дар соҳаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ манъ карда шавад. Дар ин бора Вячеслав Поставнин, муовини собиқи раиси ФМС-и Русия, раиси Маркази илмии ҳамгироии Авруосиё дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард. Қаблан ибтикори манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ аз ҷониби раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар (ҲҲИ)-и назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод шуда буд. Ӯ ба сарвазири кишвар Михаил Мишустин муроҷиатномаи дахлдор фиристод. Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба дар кишварҳои аврупоӣ, масалан дар Олмон ва Испания вуҷуд дорад. "Аммо дар Русия вазъ дигар аст, мо бо як қатор кишварҳо равуои озод ва фазои ягонаи иқтисодӣ дорем. Чаро қирғиз метавонад бо шаҳодатномаи миллӣ кор кунад, аммо тоҷику узбак наметавонад?" — суол гузоштааст мутахассис.Ба андешаи ӯ, ё барои ҳама манъ кардан лозим аст ё барои ҳеҷ кас.Дар сурати ҷорӣ шудани чунин маҳдудият сафари худи русҳо мушкилтар мешавад, масалан, нарасидани ронандаҳо ва гарон шудани сафарҳо, афзуд Поставнин. Ба гуфтаи ӯ, имкон нест, ки шаҳрвандони Русия дарҳол ин ҷойҳои холиро ишғол кунанд, ин кор сахт ва нерӯталаб аст.Муҳоҷирони дорои шаҳодатномаи ронандагии хориҷиро аз таксиронӣ манъ карданияндЁдовар мешавем, ки Русия ягона кишваре боқӣ мемонад, ки дар он ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ иҷозат дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220330/muhojiron-rusiya-bimonand-1047183360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102089/34/1020893470_0:1:2018:1515_1920x0_80_0_0_f0cb70a6c3d98990494b04beac003420.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, зиндагӣ, муҳоҷирон, русия
кор, зиндагӣ, муҳоҷирон, русия
Чаро қирғиз метавонаду тоҷику ӯзбек не? Нигаронии Поставнин аз манъи рондани таксӣ
18:46 30.03.2022 (Навсозишуда: 19:24 30.03.2022) Коршинос бовар дорад, бо вуҷуди он ки чунин таҷриба дар ҷаҳон вуҷуд дорад, роҳандозии чунин як иқдом ба воқеиятҳои Русия созгор нест
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Русия набояд кор дар соҳаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ манъ карда шавад.
Дар ин бора Вячеслав Поставнин, муовини собиқи раиси ФМС-и Русия, раиси Маркази илмии ҳамгироии Авруосиё дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Қаблан ибтикори манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ аз ҷониби раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар (ҲҲИ)-и назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод шуда буд.
Ӯ ба сарвазири кишвар Михаил Мишустин муроҷиатномаи дахлдор фиристод.
"Таҷрибаи ҷаҳонӣ кор бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ дар соҳаи ҳамлу нақли борро манъ мекунад. Барои кор дар ин самт бояд бо супурдани имтиҳон аз қоидаҳои ҳаракат шаҳодатномаи ронандагии ин кишварро дарёфт кунед", - тавзеҳ дод Поставнин.
Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба дар кишварҳои аврупоӣ, масалан дар Олмон ва Испания вуҷуд дорад.
"Аммо дар Русия вазъ дигар аст, мо бо як қатор кишварҳо равуои озод ва фазои ягонаи иқтисодӣ дорем. Чаро қирғиз метавонад бо шаҳодатномаи миллӣ кор кунад, аммо тоҷику узбак наметавонад?" — суол гузоштааст мутахассис.
Ба андешаи ӯ, ё барои ҳама манъ кардан лозим аст ё барои ҳеҷ кас.
Дар сурати ҷорӣ шудани чунин маҳдудият сафари худи русҳо мушкилтар мешавад, масалан, нарасидани ронандаҳо ва гарон шудани сафарҳо, афзуд Поставнин.
Ба гуфтаи ӯ, имкон нест, ки шаҳрвандони Русия дарҳол ин ҷойҳои холиро ишғол кунанд, ин кор сахт ва нерӯталаб аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия ягона кишваре боқӣ мемонад, ки дар он ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ иҷозат дода шудааст.