https://sputnik.tj/20220330/muhojiron-rusiya-bimonand-1047183360.html
Коршинос гуфт, чӣ бояд кард, то муҳоҷирон Русияро тарк накунанд
Коршинос гуфт, чӣ бояд кард, то муҳоҷирон Русияро тарк накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос чунин мешуморад, ки Федератсияи Русия бояд дар давоми як сол механизмеро таҳия кунад, ки аз рафтани оммавии хориҷиён ба кишварҳои ғарбӣ пешгирӣ кунад.
2022-03-30T09:00+0500
2022-03-30T09:00+0500
2022-03-30T12:02+0500
муҳоҷират
дар русия
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045941225_0:0:3013:1696_1920x0_80_0_0_4cd109fd5a7e0c66280ae1a759c45eef.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Хуруҷи хориҷиён аз Русия пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА ва Аврупо на бештар аз 10% -ро ташкил дод. Дар ин бора Асилбек Эгамбердиев, коршиноси умури муҳоҷират дар суҳбат бо шабакаи "Telegram Sputnik" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ба соҳаи муҳоҷират дар Русия осеб расонидааст. Ба ин тартиб ҳудуди 50 дарсади хориҷиён аз Осиёи Марказӣ ба далели баста шудани корхонаҳои бузурги савдо ва хидматрасонӣ ҷои кори худро аз даст додаанд. Омили дигар паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ буд, ки ба ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонд, мегӯяд ин коршинос. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои бемаънӣ дар бораи оғози "сафарбар кардани муҳоҷирон ба амалиёти вижаи Русия дар Украина" ба таври вирусӣ паҳн шуд. Бо вуҷуди ин шумораи ками хориҷиён ба зодгоҳашон шитофтанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ширкатҳои дигар кор пайдо кунанд ва инчунин Маскавро барои ҷустуҷӯи кор тарк кунанд ва ба дигар манотиқ, барои мисол, ба вилояти Ростов ё Чеченистон раванд. Як омили муҳими дигари монеъ кори хориҷиён шудан дар Русия ин интиқоли мушкили пул ба ватанашон аст. Аммо ин гуна дигаргуниҳо фалокатовар нестанд. Эгамбердиев таъкид кард, ки ба ҳисоби миёна 30-35 ҳазор рубл фиристодан мумкин аст.Коршинос: се сабаб муҳоҷиронро аз Русия метарсонад Ба эътиқоди коршинос, феълан Русия бояд ба эҷоди механизме таваҷҷуҳ кунад, ки аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар ҷилавгирӣ намояд. Ин метавонад бозори меҳнат бошад, ки тавассути он хориҷиён дар бораи ҷойҳои кори холӣ маълумот хоҳанд гирифт. Дар баробари ин Русия барои эҷоди чунин механизм ҳудуди як сол вақт дорад. Агар ин раванд ба таъхир афтад, кишварҳои ғарбӣ захираҳои меҳнатиро ҷалб мекунанд, хулоса кард Эгамбердиев.
https://sputnik.tj/20220329/korshinos-muhojiron-tojik-rusiya-1047171899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045941225_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_33d6aca0c5d50952c362bb7477dae36f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, русия, тарк
Коршинос гуфт, чӣ бояд кард, то муҳоҷирон Русияро тарк накунанд
09:00 30.03.2022 (Навсозишуда: 12:02 30.03.2022) Коршинос мегӯяд, Русия бояд дар давоми як сол механизмеро таҳия кунад, ки аз рафтани ҷамъии хориҷиён ба кишварҳои ғарбӣ пешгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Хуруҷи хориҷиён аз Русия пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА ва Аврупо на бештар аз 10% -ро ташкил дод.
Дар ин бора Асилбек Эгамбердиев, коршиноси умури муҳоҷират дар суҳбат бо шабакаи "Telegram Sputnik" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ба соҳаи муҳоҷират дар Русия осеб расонидааст.
Ба ин тартиб ҳудуди 50 дарсади хориҷиён аз Осиёи Марказӣ ба далели баста шудани корхонаҳои бузурги савдо ва хидматрасонӣ ҷои кори худро аз даст додаанд.
Омили дигар паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ буд, ки ба ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонд, мегӯяд ин коршинос.
Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои бемаънӣ дар бораи оғози "сафарбар кардани муҳоҷирон ба амалиёти вижаи Русия дар Украина" ба таври вирусӣ паҳн шуд.
Бо вуҷуди ин шумораи ками хориҷиён ба зодгоҳашон шитофтанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ширкатҳои дигар кор пайдо кунанд ва инчунин Маскавро барои ҷустуҷӯи кор тарк кунанд ва ба дигар манотиқ, барои мисол, ба вилояти Ростов ё Чеченистон раванд.
Як омили муҳими дигари монеъ кори хориҷиён шудан дар Русия ин интиқоли мушкили пул ба ватанашон аст. Аммо ин гуна дигаргуниҳо фалокатовар нестанд.
Эгамбердиев таъкид кард, ки ба ҳисоби миёна 30-35 ҳазор рубл фиристодан мумкин аст.
Ба эътиқоди коршинос, феълан Русия бояд ба эҷоди механизме таваҷҷуҳ кунад, ки аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар ҷилавгирӣ намояд.
Ин метавонад бозори меҳнат бошад, ки тавассути он хориҷиён дар бораи ҷойҳои кори холӣ маълумот хоҳанд гирифт.
Дар баробари ин Русия барои эҷоди чунин механизм ҳудуди як сол вақт дорад. Агар ин раванд ба таъхир афтад, кишварҳои ғарбӣ захираҳои меҳнатиро ҷалб мекунанд, хулоса кард Эгамбердиев.