Афзоиши хуруҷи хориҷиён аз Хабаровск

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Нерӯи кории хориҷӣ дар пайи поинравии қурби рубл ва норасоии ҷои кор минтақаи Шарқи Дурро тарк карда истодааст. Ин раванд аз охири феврал шуруъ шудааст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Афзоиши хуруҷи муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ аз минтақаи Хабаров дар пасманзари таҳримҳо алайҳи Русия ба қайд гирифта шудааст, хабар дод "Transsibinfo.com".
Ба иттилои манбаъ, омили ин тасмими муҳоҷирон болоравии қурби доллар ва коҳиши арзиши рубл мебошад. Маҳз ба ҳамин далел бархе муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон тарки минтақа кардаанд.
Коргарони хориҷӣ изҳор доштаанд, ки барои онҳо кумак ба хонаводаҳо мушкилтар шуда истодааст.

"Маблағ камтар шуд, чизе барои фиристодан ба хона намемонад. Рӯзи дароз кор мекунӣ, пул танҳо барои рафтан ба Ватан мемонад, - изҳор кардааст як муҳоҷири тоҷикистонӣ.

Аз мушкилоти дигари хориҷиҳо марбути интиқоли маблағ гуфта мешавад. Ҳамчунин бархе хориҷиҳо ба далели афзоиши нархи билети ҳавопаймо дучори мушкили хариди он гардидаанд.
Асилбек Эгамбердиев, коршиноси умури муҳоҷират, ахиран гуфт, хуруҷи хориҷиён аз Русия пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА ва Аврупо на бештар аз 10% -ро ташкил дод.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои ҷорикардаи Ғарб ба соҳаи муҳоҷират дар Русия осеб расонидааст.
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Коршинос гуфт, чӣ бояд кард, то муҳоҷирон Русияро тарк накунанд
Ба ин тартиб ҳудуди 50 дарсади хориҷиён аз Осиёи Марказӣ ба далели баста шудани корхонаҳои бузурги савдо ва хидматрасонӣ ҷои кори худро аз даст додаанд.
Ба эътиқоди коршинос, феълан Русия бояд ба эҷоди механизме таваҷҷуҳ кунад, ки аз хуруҷи муҳоҷирон аз ин кишвар ҷилавгирӣ намояд. Ин метавонад бозори меҳнат бошад, ки тавассути он хориҷиён дар бораи ҷойҳои кори холӣ маълумот хоҳанд гирифт.
Дар баробари ин Русия барои эҷоди чунин механизм ҳудуди як сол вақт дорад. Агар ин раванд ба таъхир афтад, кишварҳои ғарбӣ захираҳои меҳнатиро ҷалб мекунанд, хулоса кард Эгамбердиев.
Лентаи хабарҳо
0