https://sputnik.tj/20220329/tojikiston-malayziya-meva-sodirot-1047158116.html
Тоҷикистон ба Малайзия мева содир мекунад
Тоҷикистон ба Малайзия мева содир мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи "Баракат - Исфара" доираи кишварҳое, ки ба он ҷо мева содирот мекард, васеъ намуд. Ҳоло маҳсулоти ин корхона ба Малайзия низ содирот хоҳанд шуд
2022-03-29T13:10+0500
2022-03-29T13:10+0500
2022-03-29T17:19+0500
дар тоҷикистон
суғд
саноат
мева
малайзия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/10/1031743987_0:222:3082:1956_1920x0_80_0_0_fa2f3c97d10cf9287bf9082a4db0a7fd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содирот мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко, директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи мазкур 140 нафар ба бандубаст ва коркарди мева машғул ҳастанд.Ҳамакнун меваҷоти Тоҷикистон ба Малайзия низ роҳ меёбад. Шартномаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони Малайзия тасвиб шудааст.Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарду безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20220218/mahsulot-tojikiston-khorij-1046022401.html
суғд
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/10/1031743987_284:0:3015:2048_1920x0_80_0_0_e7fcaac1f7f3349f757e66476345a5b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон малайзия содирот
тоҷикистон малайзия содирот
Тоҷикистон ба Малайзия мева содир мекунад
13:10 29.03.2022 (Навсозишуда: 17:19 29.03.2022) Корхонаи "Баракат-Исфара" доираи кишварҳое, ки ба он ҷо мева содирот мекард, васеъ намуд. Аз ин ба баъд маҳсулоти ин корхона ба Малайзия низ содир хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содирот мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко, директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи мазкур 140 нафар ба бандубаст ва коркарди мева машғул ҳастанд.
"Маҳсулоти корхона феълан ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Чехия, Туркия ва Канада содирот мешавад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳамакнун меваҷоти Тоҷикистон ба Малайзия низ роҳ меёбад. Шартномаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони Малайзия тасвиб шудааст.
Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарду безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шудааст.