https://sputnik.tj/20220218/mahsulot-tojikiston-khorij-1046022401.html
Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ "ҷанг" аст?
Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ "ҷанг" аст?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи истиқлолият дар тиҷорат ба дастовардҳои баланд ноил шуд: содирот беш аз 2 миллиард доллар арзиш дорад
2022-02-18T16:45+0500
2022-02-18T16:45+0500
2022-02-18T20:32+0500
дар тоҷикистон
саноат
энергетика
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар соли 2021 аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ашёи хом содир шудааст. Аз маҳсулоти ба хориҷ содиршуда ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллиард доллар ба даст овардааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин баландтарин нишондод дар таърихи истиқлоли кишвар аст. Барои муқоиса соли 2020 ҳаҷми содирот 740 миллион доллар арзёбӣ шуда буд. Филизоти баҳодор ва нимқиматбаҳо ба маъруфтарин моли тоҷикон табдил ёфтаанд. Онҳо қариб 40 фоизи экспорти ашёи хомро ташкил медоданд. Дар ҷои дуюм маъданҳо ва консентратҳо (16%), пахта (9,5%) ва алюминий (6%) дар ҷои сеюм қарор доранд. Ғайр аз ин Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар 4,5 фоиз қувваи барқ, 4 фоиз сурма, 2 фоиз семент, 1,7 фоиз сабзавоту мева фиристодааст. Кишвар аз ҳама камтар металли сиёҳ (1 фоиз) ва либос (0,9 фоиз) содир кардааст. Дар ҳамин ҳол воридот ба ҷумҳурӣ дар соли 2021 беш аз 4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ин нисбат ба соли 2020 33% зиёд аст.Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтандТоҷикистон бештари маҳсулоти тайёрро бо арзиши иловагии баланд мехарад. Бо вуҷуди ин тавозуни савдо манфӣ боқӣ мемонад. Дар соли 2021 он беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220215/aluminiy-sement-pakhta-afzoish-sodirot-tojikiston-1045855510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, тоҷикистон, зиёд
содирот, тоҷикистон, зиёд
Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ "ҷанг" аст?
16:45 18.02.2022 (Навсозишуда: 20:32 18.02.2022) Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи истиқлол дар тиҷорат ба дастовардҳои бузург ноил шуд: содирот ба беш аз 2 миллиард доллар расид
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар соли 2021 аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ашёи хом содир шудааст.
Аз маҳсулоти ба хориҷ содиршуда ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллиард доллар ба даст овардааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин баландтарин нишондод дар таърихи истиқлоли кишвар аст.
Барои муқоиса соли 2020 ҳаҷми содирот 740 миллион доллар арзёбӣ шуда буд. Филизоти баҳодор ва нимқиматбаҳо ба маъруфтарин моли тоҷикон табдил ёфтаанд.
Онҳо қариб 40 фоизи экспорти ашёи хомро ташкил медоданд. Дар ҷои дуюм маъданҳо ва консентратҳо (16%), пахта (9,5%) ва алюминий (6%) дар ҷои сеюм қарор доранд.
Ғайр аз ин Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар 4,5 фоиз қувваи барқ, 4 фоиз сурма, 2 фоиз семент, 1,7 фоиз сабзавоту мева фиристодааст. Кишвар аз ҳама камтар металли сиёҳ (1 фоиз) ва либос (0,9 фоиз) содир кардааст.
Дар ҳамин ҳол воридот ба ҷумҳурӣ дар соли 2021 беш аз 4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ин нисбат ба соли 2020 33% зиёд аст.
Тоҷикистон бештари маҳсулоти тайёрро бо арзиши иловагии баланд мехарад.
Бо вуҷуди ин тавозуни савдо манфӣ боқӣ мемонад. Дар соли 2021 он беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст.