Тасдиқи ҳайати нави Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милиса дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешПолицейский сине-красный маячок, архивное фото
Полицейский сине-красный маячок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон роҳбарият ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милиса дар вилояти Суғдро тасдиқ карда, наздашон вазифа гузоштааст
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳайати тозаинтихоби Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милиса дар вилояти Суғд аз ҷониби Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, аъзои шӯро дар нахустин ҷаласаашон роҳбарияти ин ниҳоди ҷамъиятиро интихоб намуданд.
Манбаъ афзуд, ки бар асоси овоздиҳии аъзо, Маликисломӣ Наим Мунаввар раис, Моҳинисо Ҳорисова муовини раис, Маҳмадсалим Ҳаитов роҳбари гурӯҳи корӣ ва Садридин Саидов раиси комиссияи одоби шӯро интихоб гардиданд.
Таъкид шуд, дар нахустин ҷаласа, ки бо иштироки полковник Валихон Ҳамдамзода, ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милисаи Тоҷикистон ва намояндагони САҲА баргузор шуд, атрофи аҳамияти ислоҳоти мақомоти умури дохилӣ суҳбат сурат гирифтааст.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Тавсифи генерал Назарзода аз ҷавонони Бадахшон: Дорои сармояи бузурги зеҳниянд
Тавзеҳ дода шудаст, ки вазифаи аъзои шӯро мусоидат барои густариши робитаи аҳолӣ бо милитсия ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо мебошад.
"Аъзои шӯро дастур гирифтанд, ки дар самти татбиқи ислоҳоти милитсия, аз ҷумла ҳарчи бештар намудани ҳамкории ҷомеа бо милитсия ва афзоиши эътимоди мардум нисбати милитсия қобилият ва донишу маҳорати худро равона созанд", - омадааст дар иттилоия.
Шӯроҳои ҷамъиятӣ мақоми машваратӣ-мушоҳидавӣ мебошанд, ки бар асоси оиннома, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милиса фаъолият мекунанд. Ҳадафи чунин шӯроҳо, ба иттилои ВУД, ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Шӯроҳо аз ҳисоби ихтиёриён, аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил гардида, ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, барои мукаммалсозии фаъолияти мақомоти милиса пешниҳодҳо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0