https://sputnik.tj/20220329/sozishnoma-nav-rusiya-tojikiston-1047170189.html
Таҳсили ройгон ва стипендия: имзои ёддошти нав миёни Русия ва Тоҷикистон
Таҳсили ройгон ва стипендия: имзои ёддошти нав миёни Русия ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Таҳсил боз дар як шаҳри дигари Русия барои донишҷӯёни тоҷик осон мешавад
2022-03-29T18:45+0500
2022-03-29T18:45+0500
2022-03-29T18:45+0500
маориф
дар тоҷикистон
дар русия
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_0:103:3073:1831_1920x0_80_0_0_26c01046f003c22f0956f4f319c5ed93.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф санади муҳими ҳамкорӣ имзо шуд, ки имкон медиҳад, то довталабони тоҷик ройгон таҳсил кунанд.Ҳамин тавр дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ширкати муовини ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский Репеский Олег Владимирович мулоқот баргузор гардид.Дар мулоқот вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон ва ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло ширкат намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати кишоварзӣ.Манбаъ афзуда, ки минбаъд довталабон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский, тибқи меъёри қабули донишҷуён дар ин муассиса, метавонанд ройгон таҳсил намоянд ва ҳамзамон аз имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла хобгоҳ ва шаҳрия бархурдор шаванд.Ҷонибҳо изҳори бовар кардаанд, ки мулоқоти мазкур дар ҳамкориҳои соҳаи маорифи ду кишвар такони тоза бахшида, саҳми хоса хоҳад гузошт.Ёдовар мешавем, ки Русия ҳар сол теъдоде аз бурсияҳои таҳсилро барои донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла барои довталабони тоҷик зиёд мекунад.Барои соли нави хониш Ҳукумати Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон наздики ҳазор бурсия ҷудо кардааст.
https://sputnik.tj/20220225/rusiya-kvotaho-donishjuyon-tojikiston-afzoish-1046249168.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_accd50635d774c214d8762fd50163458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳсил, русия, осон, маориф
таҳсил, русия, осон, маориф
Таҳсили ройгон ва стипендия: имзои ёддошти нав миёни Русия ва Тоҷикистон
Таҳсил боз дар як шаҳри дигари Русия барои донишҷӯёни тоҷик осон мешавад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф санади муҳими ҳамкорӣ имзо шуд, ки имкон медиҳад, то довталабони тоҷик ройгон таҳсил кунанд.
Ҳамин тавр дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ширкати муовини ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский Репеский Олег Владимирович мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон ва ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло ширкат намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати кишоварзӣ.
"Дар рафти мулоқот Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский имзо шуд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки минбаъд довталабон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба номи А.А. Ежевский, тибқи меъёри қабули донишҷуён дар ин муассиса, метавонанд ройгон таҳсил намоянд ва ҳамзамон аз имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла хобгоҳ ва шаҳрия бархурдор шаванд.
Ҷонибҳо изҳори бовар кардаанд, ки мулоқоти мазкур дар ҳамкориҳои соҳаи маорифи ду кишвар такони тоза бахшида, саҳми хоса хоҳад гузошт.
Ёдовар мешавем, ки Русия ҳар сол теъдоде аз бурсияҳои таҳсилро барои донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла барои довталабони тоҷик зиёд мекунад.
Барои соли нави хониш Ҳукумати Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон наздики ҳазор бурсия ҷудо кардааст.