https://sputnik.tj/20220225/rusiya-kvotaho-donishjuyon-tojikiston-afzoish-1046249168.html
Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод
Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Миқдори квотаҳои иловагӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия боз беш аз 200 ҷой афзуд
2022-02-25T12:10+0500
2022-02-25T12:10+0500
2022-02-25T19:11+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маориф
таҳсил дар хориҷ
квотаҳои таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219528_0:25:1024:601_1920x0_80_0_0_eb11acdd88dbc7d3614668811cae6967.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Русия дар соли нави хониш шумораи квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷикро боз афзоиш додааст. Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон раиси кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова иттилоъ дод. Ин масъала аллакай дар чаҳорчӯби Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, матраҳ шудааст.Қобили зикр аст, ки қаблан теъдоди квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар Русия ба 750 ҷой мерасид. Илова бар ин, ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия дурнамои минбаъдаи рушди таҳсилоти миёнаи касбиро низ баррасӣ кардаанд. "Ин ба он ҷавононе, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, имкон медиҳад, ки на танҳо барои кори ғайритахассусӣ, балки тавассути қарордодҳои мушаххас бо донишгоҳу коллеҷҳо оянд, соҳиби ихтисос шаванд ва забон омӯзанд", - хулоса кард вай.Гумерова афзуд, ки кӯдакон ҳатто аз мактаб бояд дониши хуби забони русӣ гиранд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то дар оянда, пас аз хатми таҳсил ба идомаи омӯзиш дар риштаҳои тахассусӣ умед банданд. "Мо бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон суҳбат кардем. Бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия созишномаҳои мушаххас баста шудааст. Бевосита бо коллеҷу донишгоҳҳо, то омодагӣ аз мактабҳо оғоз шавад", - гуфт раиси Кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва маданият.
https://sputnik.tj/20220225/matvienko-amaliyot-rusiya-ukraina-1046248044.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219528_97:0:929:624_1920x0_80_0_0_312386b20324d74171999264982b4b00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия квота донишҷӯён тоҷикистон афзоиш
русия квота донишҷӯён тоҷикистон афзоиш
Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод
12:10 25.02.2022 (Навсозишуда: 19:11 25.02.2022) Миқдори квотаҳои иловагӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Русия боз беш аз 200 ҷой афзуд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Русия дар соли нави хониш шумораи квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷикро боз афзоиш додааст.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон раиси кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова иттилоъ дод.
Ин масъала аллакай дар чаҳорчӯби Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, матраҳ шудааст.
"Масъалаи ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон то ҳазор нафар ҳал шудааст", - гуфт Гумерова.
Қобили зикр аст, ки қаблан теъдоди квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар Русия ба 750 ҷой мерасид.
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия дурнамои минбаъдаи рушди таҳсилоти миёнаи касбиро низ баррасӣ кардаанд.
"Ин ба он ҷавононе, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, имкон медиҳад, ки на танҳо барои кори ғайритахассусӣ, балки тавассути қарордодҳои мушаххас бо донишгоҳу коллеҷҳо оянд, соҳиби ихтисос шаванд ва забон омӯзанд", - хулоса кард вай.
Гумерова афзуд, ки кӯдакон ҳатто аз мактаб бояд дониши хуби забони русӣ гиранд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то дар оянда, пас аз хатми таҳсил ба идомаи омӯзиш дар риштаҳои тахассусӣ умед банданд.
"Мо бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон суҳбат кардем. Бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия созишномаҳои мушаххас баста шудааст. Бевосита бо коллеҷу донишгоҳҳо, то омодагӣ аз мактабҳо оғоз шавад", - гуфт раиси Кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва маданият.