https://sputnik.tj/20220329/shuro-ulamoi-tojikiston-ramazon-savm-zakot-fitr-ruzaro-1047156226.html
Таърихи дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд
Таърихи дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон таърихи дақиқи фарорасии моҳи шарифи кулли мусалмонони кишвар муайян шуд 29.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-29T12:25+0500
2022-03-29T12:25+0500
2022-03-29T18:23+0500
дар тоҷикистон
моҳи шарифи рамазон
рӯзадорӣ
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/06/1030060630_0:148:2840:1746_1920x0_80_0_0_5d6eab0981f8e899cfad0bc0d58b1582.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд, гузориш медиҳад Маркази исломии ҷумҳурӣ. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол ин рӯз ба 2 апрел рост меояд.Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, бар асоси маълумоти илмӣ ва бар асоси бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, имсол моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи оянда фаро мерасад. Абдуқодирзода афзуд, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20211201/taqvimi-musalmoni-baroi-soli-2022-1043871554.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/06/1030060630_158:0:2682:1893_1920x0_80_0_0_eb2be28dd92add1bb92b697fd26d73c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шӯрои уламои рамазон фидяи савм закот фитр рӯза
шӯрои уламои рамазон фидяи савм закот фитр рӯза
Таърихи дақиқи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд
12:25 29.03.2022 (Навсозишуда: 18:23 29.03.2022) Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон таърихи дақиқи фарорасии моҳи шарифи кулли мусалмонони кишвар муайян шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд, гузориш медиҳад Маркази исломии ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол ин рӯз ба 2 апрел рост меояд.
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, бар асоси маълумоти илмӣ ва бар асоси бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, имсол моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи оянда фаро мерасад.
Абдуқодирзода афзуд, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.