https://sputnik.tj/20220329/shoygu-navaskaron-dargiri-firistoda-video-1047172972.html
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сафарбарсозии баҳории ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи Русия даҳаи сеюми моҳи май сурат мегирад, иттилоъ дод вазири мудофиаи ин кишвар 29.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-29T19:40+0500
2022-03-29T19:40+0500
2022-03-29T19:40+0500
амният ва мудофиа
видео
сергей шойгу
даъват
наваскарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047167150_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_97c9e5bd8745fc8d8fcefdaaa5fdd9ed.jpg
Ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Русия дар даъвати баҳории имсола нисбат ба нишондоди соли гузашта камтар хоҳад буд. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҷаласаи селекторӣ хабар дод. Ӯ афзуд, бо фармони президенти Русия дар даъвати баҳорӣ 134 ҳазор нафар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки нисбати нишондоди баҳори соли 2021 камтар мебошад. Вазири мудофиа афзуд, сафарбарсозии наваскарон даҳаи сеюми моҳи май амалӣ хоҳад шуд. Қодиров: Аз музокироти Русияву Украина бӯи умед нестБа гуфтаи вазир, тамоми даъватшавандаҳо аз 3 то 5 рӯз дар марказҳои омодасозии низомиён аз омӯзишҳо гузаронда мешаванд. Сарбозони соли гузашта даъватшуда сари вақт рухсат дода мешаванд, изҳор дошт Шойгу. Ӯ дар зимн таъкид намуд, ки ҳич кадоме аз сарбозони даъватӣ ба минтақаҳои даргирӣ фиристода намешаванд.Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта буд, дар амалиёти низомӣ дар Украина танҳо низомиёни касбӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда машғуланд. Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047167150_508:34:1280:613_1920x0_80_0_0_a1c6c08e6cd3e530b40d70003946e46c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, видео, видео, сергей шойгу, даъват, наваскарон
амният ва мудофиа, видео, видео, сергей шойгу, даъват, наваскарон
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Сафарбарсозии баҳории ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳи Русия даҳаи сеюми моҳи май сурат мегирад, иттилоъ дод вазири мудофиаи ин кишвар
Ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Русия дар даъвати баҳории имсола нисбат ба нишондоди соли гузашта камтар хоҳад буд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҷаласаи селекторӣ хабар дод.
Ӯ афзуд, бо фармони президенти Русия дар даъвати баҳорӣ 134 ҳазор нафар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки нисбати нишондоди баҳори соли 2021 камтар мебошад. Вазири мудофиа афзуд, сафарбарсозии наваскарон даҳаи сеюми моҳи май амалӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазир, тамоми даъватшавандаҳо аз 3 то 5 рӯз дар марказҳои омодасозии низомиён аз омӯзишҳо гузаронда мешаванд. Сарбозони соли гузашта даъватшуда сари вақт рухсат дода мешаванд, изҳор дошт Шойгу.
Ӯ дар зимн таъкид намуд, ки ҳич кадоме аз сарбозони даъватӣ ба минтақаҳои даргирӣ фиристода намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта буд, дар амалиёти низомӣ дар Украина танҳо низомиёни касбӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда машғуланд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.