Писари як мақоми "Роҳи оҳан" хидмати сарбозӣ меравад: фарзандони мансабдорони дигар чӣ?

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафтан аз камтарин иқдомотест, ки миёни фарзандони мансабдорон роиҷ аст
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Бахтиёр Маҳмадиев, корманди Маркази беҳдоштии шаҳри Хуҷанд, ки падараш мансабдори идораи “Роҳи оҳан”-и Суғд мебошад, хоҳиш дорад, хидмати Модар-Ватанро адо кунад.
Ба ин тартиб қарор аст, ӯ дар оғози моҳи апрел ҳамроҳи аввалин гурӯҳи наваскарон ба сафи артиш даъват шавад.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба хидмат сафарбар намудани корманди идорааш иҷборӣ набуда, балки майл ва хоҳиши худи Маҳмадиев аст.

“Ин ҷавон ду сол аст, ки нияти рафтан ба хидмати ҳарбиро дорад. Ҳоло худаш аризаашро навиштааст. Мо аз ташаббуси ин гуна мутахассисони ватандӯст ифтихор мекунем”, – афзуд Воҳидов.

Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи хӯрока дар МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд ва писари Юсуф Маҳмадиев, сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар “Роҳи оҳан”-и вилояти Суғд аст.
Бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафтани ӯ аз камтарин ҳолатҳоест, ки миёни фарзандони мансабдорон роиҷ аст.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Тавсифи генерал Назарзода аз ҷавонони Бадахшон: Дорои сармояи бузурги зеҳниянд
Дар поёни соли 2020 генерал-майор Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд писараш Шервон Навҷувонови 25-сола ва ду пайванди дигараш, ки яке амакбачаву дигаре холабачаи Шервон буданд, яъне Беҳзод Хиёловичи 22-сола ва Муйис Илназарови 22-соларо ба хидмат дар суфуфи артиши кишвар фиристод.
Ин се узви хонаводаи Навҷувоновҳо дар қисми низомии 6592 хидмати сарбозиро сарбаландона ба итмом расониданд.
Нашри ин хабар дар расонаҳо мавриди тавсифи зиёди корбарон қарор гирифт ва бисёриҳо дар шарҳи худ дар бораи ба хидмати ҳарбӣ нарафтани фарзандони афроди мансабдор ишора мекарданд.
Даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра, баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо хабарҳо дар расонаҳо дар бораи “облава” ё “сарбозшикор” ҳар сол нашр мешаванд.
Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту писарони афроди мансабдор аз он парҳез мекунанд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Фармони нави Раҳмон бораи даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ
Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар зимни раванд даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомӣ садо медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанде қабл дар ҷаласае бахшида ба солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуда буд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.
Президент зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хидматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунае дар ҷиҳати риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.
“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хидмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - изҳор дошт раисҷумҳур.
Бино ба фармони раисҷумҳур, дар даъвати баҳорӣ, ки моҳҳои апрел-майи соли 2022-ро дарбар мегирад, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои сарбозӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.
Ба ин гурӯҳ мардони аз 18 то 27-сола дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0