https://sputnik.tj/20220329/jopon-pardokht-gaz-rusiya-rubl-vokunish-1047153731.html
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон ният дорад аз ширкатҳо хоҳиш кунад, ки ба созишномаҳо дар бораи пардохти гази моеъи Русия бо рубл розӣ нашаванд
2022-03-29T10:45+0500
2022-03-29T10:45+0500
2022-03-29T12:28+0500
дар русия
газ
ҷопон
аврупо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047152054_0:298:3077:2029_1920x0_80_0_0_454ce7355dc074092ea10a04f18bd9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон аз ширкатҳо даъват кардааст, ки дар сурати дарёфти чунин пешниҳодҳо аз пардохти пули гази Русия бо рубл даст кашанд, хабар медиҳад РИА "Новости". Чунин изҳоротро котиби генералии кобинаи вазирони Ҷопон Хироказу Матсуно дар конференсияи матбуотие баён намуд. Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки то ҳол ҳеҷ гуна огоҳинома дар бораи он ки қарордодҳои мавҷуда бо ширкатҳои ҷопонӣ оид ба интиқоли газ аз Федератсияи Русия бо рубл сурат бигирад, вуҷуд надорад.Қобили зикр аст, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Девони Вазирон, Бонки Русия ва "Газпром" дастур дод, ки то рӯзи 31 март чораҳои тағйир додани пул - воситаи пардохт барои гази интиқолӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳоеро, ки дар нисбати рубл чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, амалӣ кунанд. Путин таъкид кард, ки Русия мисли пеш интиқоли газро дар ҳаҷми мавҷуда ва бо нархҳое, ки дар шартномаҳои қаблӣ муқаррар шудааст, идома медиҳад, зеро давлат обрӯи худро қадр мекунад. Ба дунболи ин котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки ҷузъиёти пардохти гази русӣ бо рубл танҳо коркард мешавад. Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирадИлова бар ин таҳлилгарони рус чанд гузинаи ширкатҳои аврупоӣ барои харидани рубл барои газро ном мебаранд. Ба гуфтаи Сергей Гришунина, мудири Агентии миллии рейтингӣ, ширкатҳо метавонанд рублро барои газ тавассути бонкҳои ғайримуҷоз ё тавассути филиалҳои биржаи Маскав харидорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20220328/peskov-avrupo-pardokht-pul-gaz-rubl-roygon-1047132455.html
ҷопон
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047152054_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_4954e32618b64d0f5d913bb426264a8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷопон пардохт газ русия рубл вокуниш
ҷопон пардохт газ русия рубл вокуниш
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
10:45 29.03.2022 (Навсозишуда: 12:28 29.03.2022) Ҷопон ният дорад, аз ширкатҳо хоҳиш кунад, ки ба созишномаҳо дар бораи пардохти гази моеи Русия бо рубл розӣ нашаванд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон аз ширкатҳо даъват кардааст, ки дар сурати дарёфти чунин пешниҳодҳо аз пардохти пули гази Русия бо рубл даст кашанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Чунин изҳоротро котиби генералии кобинаи вазирони Ҷопон Хироказу Матсуно дар конференсияи матбуотие баён намуд.
Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки то ҳол ҳеҷ гуна огоҳинома дар бораи он ки қарордодҳои мавҷуда бо ширкатҳои ҷопонӣ оид ба интиқоли газ аз Федератсияи Русия бо рубл сурат бигирад, вуҷуд надорад.
"Аммо дар сурати дарёфти чунин талабот Ҳукумати Ҷопон аз ширкатҳо хоҳиш мекард, ки ба ин шартҳо розӣ нашаванд", - гуфт Матсуно.
Қобили зикр аст, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Девони Вазирон, Бонки Русия ва "Газпром" дастур дод, ки то рӯзи 31 март чораҳои тағйир додани пул - воситаи пардохт барои гази интиқолӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳоеро, ки дар нисбати рубл чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, амалӣ кунанд.
Путин таъкид кард, ки Русия мисли пеш интиқоли газро дар ҳаҷми мавҷуда ва бо нархҳое, ки дар шартномаҳои қаблӣ муқаррар шудааст, идома медиҳад, зеро давлат обрӯи худро қадр мекунад.
Ба дунболи ин котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки ҷузъиёти пардохти гази русӣ бо рубл танҳо коркард мешавад.
Илова бар ин таҳлилгарони рус чанд гузинаи ширкатҳои аврупоӣ барои харидани рубл барои газро ном мебаранд.
Ба гуфтаи Сергей Гришунина, мудири Агентии миллии рейтингӣ, ширкатҳо метавонанд рублро барои газ тавассути бонкҳои ғайримуҷоз ё тавассути филиалҳои биржаи Маскав харидорӣ кунанд.