Песков гуфт, агар Аврупо аз пардохти пули газ бо рубл даст кашад, онро ройгон намедиҳанд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКомпрессорные станции "Казачья" и "Русская" в Краснодарском крае
Компрессорные станции Казачья и Русская в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
Русия бузургтарин содиркунандаи газ дар Аврупо аст: он тақрибан 40 дарсади сӯзишвории кабуди минтақаро таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳоло усули пардохти гази Русия бо рубл кор карда мешаванд, аммо бо итминони комил метавон гуфт, ки Федератсияи Русия онро ройгон намедиҳад, гуфт котиби матбуотии президент Дмитрий Песков ба РИА "Новости".

"Раванди таъминот хеле мураккаб аст. Ин харидани ягон маҳсулот дар мағозае нест, ки пули онро дар касса пардохт кунед. Ин интиқол, пардохт ва мувозинат аст... раванде, ки бо мурури замон тӯл мекашад. Ҳоло тамоми усулҳо коркард мешаванд", - гуфт Песков.

Вай тавзеҳ дод, ки ин масъала дар байни шуъбаҳо баррасӣ ва пас аз он муҳлати дақиқ муайян мешавад.
Дар посух ба суол дар бораи иқдомоти Маскав дар сурати сарпечии Аврупо аз пардохти пули газ бо рубл Песков посух дод, ки "мо масъаларо бо дастрас кардани онҳо ҳал мекунем".
"Яқинан газро ройгон интиқол намедиҳем. Инро бо итминони комил гуфтан мумкин аст", - тавзеҳ дод сухангӯи Путин.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Путин муҳлат дод, ки фурӯши газ бо рубл сурат гирад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба кабинаи вазирон, Бонки марказӣ ва "Газпром" то 31 март муҳлат дод, ки фурӯши газро аз асъори хориҷӣ ба пули миллӣ гузаронанд, хабар дод Кремл.
Гуфта мешавад, фурӯши газ бо рубл барои кишварҳое сурат мегирад, ки дохили феҳрасти давлатҳои ғайридӯсти Русия мебошанд.
Президенти Русия санаи гузориш дар ин бораро 31 март муқаррар карда, масъулинро муваззаф намудааст, ки минбаъд ҳар моҳ ҳисоботро дар ин бора пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0