https://sputnik.tj/20220329/jahish-qurb-rubl-tojikston-1047152369.html
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: ба нишондиҳандаҳои қаблияш бармегардад
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: ба нишондиҳандаҳои қаблияш бармегардад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон қурби пули русӣ ба нишондиҳандаиҳои қаблияш бармегардад
2022-03-29T09:30+0500
2022-03-29T09:30+0500
2022-03-29T09:31+0500
қурби асъор
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044888114_0:314:3083:2048_1920x0_80_0_0_ca9f04c40d3f4e069d7f2d4d1f509c64.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши қобили мулоҳизаи рубли русӣ мушоҳида мешавад. Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар рӯзи 29-уми март қимати як ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 139 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ҳоле, ки як рӯз пеш барои 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд. Қурби пули аврупоӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, ҳудуди 14,21 сомонӣ барои як воҳидро ташкил дод. Пеш аз Наврӯз як евроро метавон бо қимати 14,32 сомонӣ харид.Нархи пули амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон мӯътадил боқӣ мемонад. Барои як доллар дар бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 13 сомонӣ медиҳанд. Қурби рубл дар бонкҳои тиҷоратии кишвар низ боло рафт. Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 125 сомонӣ ва зимни фурӯш 141 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 135 сомонӣ ва зимни фурӯш 135,5 сомониро ташкил медиҳад.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 135 ва 136,5 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта дар ин бонк бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд."Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 130 сомонӣ мехараду ба ивази 136 сомонӣ мефурӯшад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220329/poinravi-rekordi-qurb-dollar-1047151590.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044888114_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_103d0d527f4a6d020d33fcc47b894af9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш қурб рубл тоҷикистон
ҷаҳиш қурб рубл тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: ба нишондиҳандаҳои қаблияш бармегардад
09:30 29.03.2022 (Навсозишуда: 09:31 29.03.2022) Дар Тоҷикистон қурби пули русӣ ба нишондиҳандаиҳои қаблияш бармегардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши қобили мулоҳизаи рубли русӣ мушоҳида мешавад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар рӯзи 29-уми март қимати як ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 139 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар ҳоле, ки як рӯз пеш барои 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд.
Қурби пули аврупоӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, ҳудуди 14,21 сомонӣ барои як воҳидро ташкил дод.
Пеш аз Наврӯз як евроро метавон бо қимати 14,32 сомонӣ харид.
Нархи пули амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон мӯътадил боқӣ мемонад. Барои як доллар дар бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 13 сомонӣ медиҳанд.
Қурби рубл дар бонкҳои тиҷоратии кишвар низ боло рафт.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 125 сомонӣ ва зимни фурӯш 141 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 135 сомонӣ ва зимни фурӯш 135,5 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 135 ва 136,5 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта дар ин бонк бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 130 сомонӣ мехараду ба ивази 136 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.