https://sputnik.tj/20220328/tojikiston-ramazon-nisob-zakot-fitri-ruza-1047115636.html
Дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон, ҳадди нисоби закот ва фитри рӯзаро эълон мекунанд
Дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон, ҳадди нисоби закот ва фитри рӯзаро эълон мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29 март оғози моҳи Рамазон дар кишварро эълон мекунад
2022-03-28T09:00+0500
2022-03-28T09:00+0500
2022-03-28T11:50+0500
дар тоҷикистон
шӯрои уламои маркази исломии тоҷикистон
моҳи шарифи рамазон
рӯзадорӣ
нисоби закот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ab592828c9b3a85d0d4b92046791d69e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ин бора Ҳусайн Мусозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилоъи манбаъ, дар ин ҷаласаи Маркази исломии Тоҷикистон ба ҳисоби эълони оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми нисоби закот ва фитри рӯза низ муайян карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки алакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Хатлон як ҳафта ба ин тараф тақвимҳое ба фурӯш гузошта мешаванд, ки дар он оғози моҳи Рамазон 2 апрел нишон дода шудааст. Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд. Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд. Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм муайян карда мешавад. Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20211201/taqvimi-musalmoni-baroi-soli-2022-1043871554.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b158fa514faf5a6ac7d5cebf308650c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рамазон нисоб закот фитр рӯза
тоҷикистон рамазон нисоб закот фитр рӯза
Дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон, ҳадди нисоби закот ва фитри рӯзаро эълон мекунанд
09:00 28.03.2022 (Навсозишуда: 11:50 28.03.2022) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29 март оғози моҳи Рамазон дар кишварро эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ин бора Ҳусайн Мусозода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
“Пагоҳ ҷаласаи Шӯро уламо баргузор мешавад, дар он санаи оғози моҳи Рамазон дар кишвар муайян шуда, қарор ба тасвиб мерасад” – гуфт Мусозода.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин ҷаласаи Маркази исломии Тоҷикистон ба ҳисоби эълони оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми нисоби закот ва фитри рӯза низ муайян карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки алакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Хатлон як ҳафта ба ин тараф тақвимҳое ба фурӯш гузошта мешаванд, ки дар он оғози моҳи Рамазон 2 апрел нишон дода шудааст.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар сарф менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм муайян карда мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.