Селе, ки роҳи Дарвозро масдуд кард, тоза шуд

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, то охири моҳи март хатари фаромадани селу ярч ва тармаву сангрезӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Роҳи мошингарди самти Дарвоз боз аст ва барои ҳаракати нақлиёт ягон монеа вуҷуд надорад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бар асари боронгариҳои ахир дар роҳи мошингарди Шоҳин - Дарвоз, дар ҳудуди деҳаи Умараки ноҳияи Давроз сел фаромада, роҳи мошингардро масдуд кард.
Барои тоза кардани ин қисмати роҳ ба ҷои ҳодиса техника фиристода шуд ва ҳоло роҳи мошингарди ноҳияи Дарвоз тоза буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бемамоният идома дорад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
КҲФ аз фаромадани сел, ҳавои чанголуд ва боди шадид ҳушдор медиҳад
Ин ниҳод меафзояд, дар ноҳияи мазкур рӯзҳои 12-18 март селу лойоба фаромад, ки дар натиҷа се манзили сокинони маҳаллӣ пурра тахриб шуда, чанд хонаи дигар қисман зарар диданд. Ба хонаводаҳои зарардида аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҳамзамон соҳибкорон кумакҳои лозимӣ расонида шуд.
Зимнан муайян гардид, ки 15 хонаводаи маҳаллӣ дар ҷое зиндагӣ мекунанд, ки хатари фаромадани сел ба онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ ин хонаводаҳо ба ҷойи амнтар кӯчонида шуданд.
КҲФ мегӯяд, то охири моҳи март хатари фаромадани селу тарма ва ярчу сангрезӣ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ аз кулли шаҳрвандон даъват шуд, ки эҳтиёткор бошанду аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0