КҲФ аз фаромадани сел, ҳавои чанголуд ва боди шадид ҳушдор медиҳад

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон то рӯзи 3 август номусоид боқӣ хоҳад монд. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво ғуборолуд шуда вазиши боди шадид дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Авоили моҳи август дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 август ҳавои мамлакат пур аз чангу ғубор мешавад.
Илова бар ин, вазиши боди шадид дар назар аст. Манбаъ меафзояд, бод дар як сония то 13 - 18 метр хоҳад вазид.
КҲФ ҳушдор медиҳад, дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани сел мавҷуд аст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Эълони зарари сел дар водии Зарафшон: КҲФ гуфт, ҷасади ду тани дигарро мекобанд
Дар ин робита, ниҳоди мазкур аз тамоми шаҳрвандону меҳмонон даъват мекунад, ки дар чунин вазъи номусоиди ҳаво аз эҳтиёт кор бигиранд. Ҳамзамон, барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои селфароӣ, Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки ҷӯйбору каналҳоро аз хасу хушок тамиз кунанд.
Ёдовар мешавем, ки селу обхезиҳои тобистони имсол дар Тоҷикистон талафоти зиёди ҷонӣ ва молиро ба бор овард.
Танҳо дар шаҳри Панҷакент бар асари фаромадани сел 12 нафар қурбон шуданд, ки 7 тани онҳо аъзои як хонавода буданд.
Лентаи хабарҳо
0