https://sputnik.tj/20220328/rusiya-payomad-sarkashi-pardokht-pul-gaz-rubl-1047142542.html
Дар Русия аз пайомадҳои саркашӣ кардан аз пардохти пули газ бо рубл гуфтанд
Дар Русия аз пайомадҳои саркашӣ кардан аз пардохти пули газ бо рубл гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои Федератсия гуфт, саркашии G7 аз пардохти пули газ бо рубл боиси қатъи интиқоли газ мешавад
2022-03-28T19:30+0500
2022-03-28T19:30+0500
2022-03-28T19:30+0500
дар русия
газ
аврупо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047031973_0:140:2894:1768_1920x0_80_0_0_a7c8d4652cb4ed39126040ad4bcbc64e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Даст кашидани кишварҳои G7 аз харидори газ бо рубли русӣ бечунучаро ба қатъи интиқоли газ мунҷар мешавад. Дар ин бора Иван Абрамов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия ба РИА "Новости" хабар дод.Сенатор таъкид кард, ки Русия наметавонад газро ройгон таъмин кунад. "Агар шарти мо бо рубл пардохт кардан бошад, пас ин маънои онро дорад, ки бояд бо рубл пардохт кунед. Онҳо барои харидани рубл имкони кофӣ доранд, метавонанд ин корро дар ҳар биржа билофосила анҷом диҳанд", - гуфт Абрамов. Дар идома ӯ гуфт, Русия шартҳои ғайривоқеӣ намегузорад.Қаблан сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ изҳор карда буд, ки Русия, бешубҳа, газро ройгон намедиҳад.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло усули пардохти гази Русия бо рубл коркард мешавад."Раванди таъминот хеле мураккаб аст. Ин харидани ягон маҳсулот дар мағозае нест, ки пули онро дар касса пардохт кунед. Ин интиқол, пардохт ва мувозинат аст... раванде, ки бо мурури замон тӯл мекашад. Ҳоло тамоми усул коркард мешаванд", - гуфт Песков.Вай тавзеҳ дод, ки ин масъала дар байни шуъбаҳо баррасӣ ва пас аз он муҳлати дақиқ муайян мешавад.
https://sputnik.tj/20220328/peskov-avrupo-pardokht-pul-gaz-rubl-roygon-1047132455.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/18/1047031973_175:0:2719:1908_1920x0_80_0_0_ca7192b83376899175fcc911901e7d4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия газ аврупо рубл
Дар Русия аз пайомадҳои саркашӣ кардан аз пардохти пули газ бо рубл гуфтанд
Муовини раиси Шӯрои Федератсия гуфт, саркашии G7 аз пардохти пули газ бо рубл боиси қатъи интиқоли газ мешавад
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Даст кашидани кишварҳои G7 аз харидори газ бо рубли русӣ бечунучаро ба қатъи интиқоли газ мунҷар мешавад. Дар ин бора Иван Абрамов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия ба РИА "Новости" хабар дод.
"Агар ин кишварҳо аз харидани газ бо рубл худдорӣ кунанд, ин ҳатман боиси қатъи интиқоли он мешавад. Мо мавзеъгирии мушаххас дорем", - гуфт ӯ.
Сенатор таъкид кард, ки Русия наметавонад газро ройгон таъмин кунад.
"Агар шарти мо бо рубл пардохт кардан бошад, пас ин маънои онро дорад, ки бояд бо рубл пардохт кунед. Онҳо барои харидани рубл имкони кофӣ доранд, метавонанд ин корро дар ҳар биржа билофосила анҷом диҳанд", - гуфт Абрамов.
Дар идома ӯ гуфт, Русия шартҳои ғайривоқеӣ намегузорад.
Қаблан сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ изҳор карда буд, ки Русия, бешубҳа, газро ройгон намедиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло усули пардохти гази Русия бо рубл коркард мешавад.
"Раванди таъминот хеле мураккаб аст. Ин харидани ягон маҳсулот дар мағозае нест, ки пули онро дар касса пардохт кунед. Ин интиқол, пардохт ва мувозинат аст... раванде, ки бо мурури замон тӯл мекашад. Ҳоло тамоми усул коркард мешаванд", - гуфт Песков.
Вай тавзеҳ дод, ки ин масъала дар байни шуъбаҳо баррасӣ ва пас аз он муҳлати дақиқ муайян мешавад.