https://sputnik.tj/20220325/hushdori-vazorati-khorijai-rusiya-gazu-nafti-1047085421.html
Ҳушдори вазорати хориҷаи Русия аз авоқиби даст кашидан аз газу нафти ин кишвар
Ҳушдори вазорати хориҷаи Русия аз авоқиби даст кашидан аз газу нафти ин кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, даст кашидан аз нафту гази Русия авоқиби ҷидди барои иқтисоди ҷаҳон дорад
2022-03-25T23:00+0500
2022-03-25T23:00+0500
2022-03-25T23:00+0500
дар русия
иқтисод
буҳрон
газ
нафт
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171454_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_75d5a64c8cea1c95f3fd04ab171f1932.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Димитрий Биричевский, мудири Департаменти ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, даст кашидан аз нафту гази Русия барои иқтисоди Аврупо ва ҷаҳон овоқиби ҷиддӣ хоҳад дошт.Ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз газу нафти Русия хеле вобаста аст. Ҳатто агар Аврупо ба иқтисоди умумӣ гузарад, таъминкунанда дар дигар минтақаҳои ҷаҳон пайдо кунад ва ба манбаҳои барқароршавандаи энержӣ гузарад, "дар беҳтарин ҳолат Аврупо метавонад танҳо 80 дарсади захоири энержии худро иваз намояд.“Даст кашидан ё на, ин кори шахсии онҳост, аммо, албатта, ин барои тамоми иқтисоди Аврупо ва дар натиҷа барои иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири бузург хоҳад дошт, зеро нархҳо на танҳо дар Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон боло хоҳанд рафт”, - қайд кард Биричевский дар барномаи телевизионии шабакаи "Россия 24”.“Маҳдудияти пешбинишудаи контрагентҳои хориҷӣ барои қабули пардохтҳои Русия бо рубл метавонад ба вокуниши силсиламонанд табдил ёбад, ки ба дигар намудҳои уҳдадориҳо, бахусус ба оқибатҳои баста шудани муомилот, мунҷамид шудани дороиҳо ва бастани хатҳои қарзӣ мунҷар мешавад. Қарздиҳандагон маҷбур мешаванд, ки қарзҳои сокинони Русияро баргардонанд", - афзуд Биричевский. Вай илова кард, ки дар натиҷа буҳрони пардохт накардан, ки бо як қатор муфлисшавӣ мунҷар мешавад. Ба ин раванд метавонад буҳрони кунунии энергетикӣ ва логистикӣ низ илова шавад. Тағйироти куллӣ дар бахши молияи байналмилалӣ боиси фурӯпошии бозор мешавад.Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 март гуфт, ки Русия пардохтҳо барои интиқоли газ ба кишварҳои ғайридӯстро ба рубл интиқол медиҳад ва содироти моли Русия ба ИА, ИМА ва гирифтани пардохт бо пули онҳо дигар маънӣ надорад.Владимир Путин ба Бонки марказӣ ва Девони Вазирон дастур дод, ки дар давоми як ҳафта тартиби муомилот бо рубл бо Аврупоро муайян кунанд.Ҳамзамон вай гуфт, ки Русия интиқоли газро дар ҳаҷм ва нархҳое, ки дар қарордодҳои қаблӣ муқаррар шуда буданд, идома медиҳад, зеро ин кишвар эътибори худро қадр мекунад.
https://sputnik.tj/20220325/putin-tabiz-chiz-rusi-1047078122.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171454_127:0:2858:2048_1920x0_80_0_0_dd9ced569fcf552662296e3370e050c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, газ, нафт, аврупо, буҳрон, иқтисод, ҷаҳон
русия, газ, нафт, аврупо, буҳрон, иқтисод, ҷаҳон
Ҳушдори вазорати хориҷаи Русия аз авоқиби даст кашидан аз газу нафти ин кишвар
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, даст кашидан аз нафту гази Русия авоқиби ҷидди барои иқтисоди ҷаҳон дорад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Димитрий Биричевский, мудири Департаменти ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, даст кашидан аз нафту гази Русия барои иқтисоди Аврупо ва ҷаҳон овоқиби ҷиддӣ хоҳад дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз газу нафти Русия хеле вобаста аст. Ҳатто агар Аврупо ба иқтисоди умумӣ гузарад, таъминкунанда дар дигар минтақаҳои ҷаҳон пайдо кунад ва ба манбаҳои барқароршавандаи энержӣ гузарад, "дар беҳтарин ҳолат Аврупо метавонад танҳо 80 дарсади захоири энержии худро иваз намояд.
“Даст кашидан ё на, ин кори шахсии онҳост, аммо, албатта, ин барои тамоми иқтисоди Аврупо ва дар натиҷа барои иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири бузург хоҳад дошт, зеро нархҳо на танҳо дар Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон боло хоҳанд рафт”, - қайд кард Биричевский дар барномаи телевизионии шабакаи "Россия 24”.
“Маҳдудияти пешбинишудаи контрагентҳои хориҷӣ барои қабули пардохтҳои Русия бо рубл метавонад ба вокуниши силсиламонанд табдил ёбад, ки ба дигар намудҳои уҳдадориҳо, бахусус ба оқибатҳои баста шудани муомилот, мунҷамид шудани дороиҳо ва бастани хатҳои қарзӣ мунҷар мешавад. Қарздиҳандагон маҷбур мешаванд, ки қарзҳои сокинони Русияро баргардонанд", - афзуд Биричевский.
Вай илова кард, ки дар натиҷа буҳрони пардохт накардан, ки бо як қатор муфлисшавӣ мунҷар мешавад. Ба ин раванд метавонад буҳрони кунунии энергетикӣ ва логистикӣ низ илова шавад. Тағйироти куллӣ дар бахши молияи байналмилалӣ боиси фурӯпошии бозор мешавад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 март гуфт, ки Русия пардохтҳо барои интиқоли газ ба кишварҳои ғайридӯстро ба рубл интиқол медиҳад ва содироти моли Русия ба ИА, ИМА ва гирифтани пардохт бо пули онҳо дигар маънӣ надорад.
Владимир Путин ба Бонки марказӣ ва Девони Вазирон дастур дод, ки дар давоми як ҳафта тартиби муомилот бо рубл бо Аврупоро муайян кунанд.
Ҳамзамон вай гуфт, ки Русия интиқоли газро дар ҳаҷм ва нархҳое, ки дар қарордодҳои қаблӣ муқаррар шуда буданд, идома медиҳад, зеро ин кишвар эътибори худро қадр мекунад.