Коҳиши хушунат дар оилаҳои тоҷик

© Pixabay/geraltТень от ребенка и родителя
Тень от ребенка и родителя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон омори хушунати хонаводагиро эълом кард
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар соли 2021 дар кишвар 3485 мавриди зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Маълумот аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта шудааст.
Тибқи омор, дар соли 2021 мавориди зӯроварӣ дар оила кам ба қайд гирифта шудааст ва нисбат ба соли пешин 176 маврид камтар сабт шудааст.
Ба гуфтаи раиси ин кумита, дар ин маълумот на танҳо хушунати мардон нисбат ба занон, балки аз ҷониби занҳо нисбат ба шавҳарон низ ҷой дорад.

"Дар соли гузашта 548 мавриди зӯроварӣ аз ҷониби занон нисбат ба мардон ба қайд гирифта шудааст", - афзуд Қурбонзода.

Дар ҳамин ҳол вай гуфт, агар шумори шикоятҳои шифоҳӣ ва хатириро ҳисоб кунем, шумораи ҳодисаҳои хушунати хонаводагӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2020 маркази буҳронии "Гулрухсор" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар замони мондани дар манзил шумори ихтилофоти хонаводагӣ афзоиш ёфт.
Яке аз сабабҳо дар ин аст, нафароне, ки дар хона ҳастанд, осонтар ба воҳима гирифтор мешаванд. Дигараш тарс аз оянда буд - пешгӯиҳои даҳшатноки пандемия ва хатарҳои иқтисодӣ барои ҳар як оила.
Илова бар ин вақте ки зан ва мард муддати тӯлонӣ зери як бом зиндагӣ мекарданд, ихтилофоти оилавӣ сурат мегирифт.
Ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ, дар Тоҷикистон дар бештари маврид ин ихтилофот миёни аъзои хонавода бо роҳи мусолиматомез ҳал мешавад, вале гоҳо марду зан маҷбур мешаванд, ки ба марокизи буҳронӣ муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0