Мудири "Ашан" ба даъвати Зеленский дар бораи тарки Русия посух дод

© Sputnik / Мария ДевахинаГипермаркет "Ашан" в Москве.
Гипермаркет Ашан в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Обуна шудан
Мудири яке аз марказҳои бзурги савдо мегӯяд, нияти аз Русия рафтанро надорад ва рисолати асосии ӯ таъмини шаҳрвандони Русия ва Украина бо хӯроквории босифат аст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Директори ширкати "Auchan France" Ив Клод ба даъватҳои президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи тарки бозори Русия кардан вокуниш нишон додааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи фаронсавии "Le Journal du Dimanche" таъйид кард, ки "Ашан" ба кори худ идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи ин соҳибкор, ҳадафи ягонаи ширкат принсипи фоида боқӣ мемонад ва суханони Зеленский дар бораи он ки корхонаҳои фаронсавӣ бо сарпечӣ аз тарки Русия кардан амалиёти махсуси низомиро сарпарастӣ мекунанд, ноодилона аст.
"Одамонро ба ҳамдигар муқобил гузоштан бефоида аст. Барои мо аз ҳама муҳим ин аст, ки кормандони худро нигоҳ дорем ва иҷрои рисолати асосии худро таъмин кунем. Мо ҳеҷ гоҳ ҳадафи дигаре надоштем. Моро танқид кардан осон аст, аммо мо ҳастем, мо барои мардуми осоишта боз ҳастем ва амал мекунем”, - гуфт ӯ.
Клод ҳамчунин аз уҳдадориҳои корфармо дар назди коргарони ширкат ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки тарки бозори Русияро "аз нигоҳи иқтисодӣ метавон тасаввур кард, аммо на аз нигоҳи инсонӣ."
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Русия Байденро таҳрим кард
"Мо ҳар рӯз дар мағозаҳои худ барои украинҳо ва русҳо нони тару тоза мепазем, ки ин айни замон ҳаётан муҳим аст. Дар Русия, ки ин бренд 20 сол боз вуҷуд дорад, мо тақрибан 30 000 корманд дорем. Мо ҳамчун дисконт амал мекунем ва бовар дорем, ки мо дар замони афзоиши таваррум барои ҳифзи қобилияти харидории сокинон саҳм мегузорем. Агар "Ашан" рафтанӣ шавад, мо 30 000 нафарро аз кор маҳрум хоҳем кард, ки 40 дарсади онҳо кормандон ва саҳмдорон мебошанд", - гуфт мудири кул.
Дар пасманзари вазъи Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои шадид аз сӯйи Амрикову кишварҳои аврупоӣ баъзе аз мағозаҳои маъруф тарки Русия карданд ва ба кори худ дар ин кишвар то муддати номаълум нуқта гузоштаанд.
Бо вуҷуди ин мағозаҳои бузурги номӣ ҳамоно дар Русия кор мекунанд ва эълон кардаанд, ки ин кишварро тарк намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0