Русия Байденро таҳрим кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Русия алайҳи президенти Амрико таҳрими шахсӣ ҷорӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Русия алайҳи кишвардори Амрико Ҷо Байден маҳдудиятҳои шахсӣ ҷорӣ кард, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии ин кишвар.

"Дар посух ба як қатор таҳримҳои бесобиқа, ки вуруди мансабдорони воломақоми Русия ба ИМА-ро манъ мекунанд, аз 15 март Русия низ алайҳи президент Ҷо Байден ва баъзе аз раҳбарони он кишвар маҳдудият ҷорӣ мекунад", - омадааст дар хабари ин ниҳод.

Вазорат таъкид кард, ки чунин тасмим як вокуниши муқовиматӣ ба раванди русбадбинии раҳбарияти кунунии ИМА аст, ки талош мекунад, қудратталабии Амрикоро ҳифз кунад.
Ин ниҳод илова намуд, ки дар ояндаи наздик феҳрасти ашхосе, ки таҳти таҳрими Русия қарор мегиранд, васеъ хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки таҳримҳои ҷавобӣ дар баробари тасмимҳои ҳукумат барои ҳифзи иқтисоди Русия ва рушди устувори он сурат хоҳанд гирифт.
Глава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиш танҳо зерсохт ва нерӯҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳад.
Дар ҷануби Украина артиши Русия вилоятҳои Херсон, Мелитопол, Бердянскро зери назорат гирифта, Мариуполро муҳосира карданд, ҳоло дар канори шаҳр ҷанг идома дорад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0