https://sputnik.tj/20220326/smm-tolibon-dukhtaron-maktab-1047089875.html
Шӯрои амнияти СММ ба толибон: Ҳама духтарон бояд мактаб раванд
Шӯрои амнияти СММ ба толибон: Ҳама духтарон бояд мактаб раванд
Sputnik Тоҷикистон
Шуморе аз кишварҳои узви Шӯрои Амнияти СММ бо нашри як баёнияи муштарак аз толибон хостаанд, то ба тамоми духтарон дар Афғонистон иҷоза диҳанд ба мактаб раванд.
2022-03-26T13:10+0500
2022-03-26T13:10+0500
2022-03-28T16:09+0500
афғонистон
смм
толибон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102824/63/1028246354_0:322:3068:2048_1920x0_80_0_0_45c03940a91032f4a43b6fd27637e58d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Даҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ дар як баёнияи муштарак аз ҳукумати толибон хостаанд, ҳарчи зудтар барои духтарони афғон мактабҳоро боз кунанд. Ин эъломияро Норвегия, Албания, Бразилия, Фаронса, Габон, Ирландия, Мексика, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳида ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нашр кардаанд. Кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ афзуданд, ки беш аз як миллион духтар дар Афғонистон ҳафтаи гузашта барои бозгашт ба мактаб омодагӣ гирифтанд, аммо умеди онҳо дар лаҳзаи охирин барбод рафт ва фаҳмиданд, ки ҳаққи таҳсил надоранд. Шӯрои амнияти СММ тасмими толибонро нақзи тааҳҳудоти ин гурӯҳ номид ва гуфт, ин масъаларо худи толибон дар ҳафтаҳо ва моҳҳои ахир дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои доимии онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ кардаанд.Онҳо таъкид мекунанд, ки ин як ақибгардии хеле ташвишовар аст.Дар изҳороти 10 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфта мешавад, ки Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад ва набояд барои ояндаи амн ва босубот нисфи аҳолии худро аз таҳсил маҳрум созад.Дар ин баёния аъзои Шӯрои амният бар зарурати боз кардани мактабҳо ва фароҳам овардани фазои амни таҳсил барои ҳама кӯдакону ҷавонон дар ин кишвар таъкид кардаанд.Ин кишварҳо таъкид кардаанд, ки Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад ва ба манзури доштани ояндаи амну босубот набояд истеъдоду зарфияти худро аз даст диҳад ва нисфи аҳолии худро аз таҳсил маҳрум созад.Гуфта мешавад, бо ин изҳорот аъзои Шӯрои амният ба толибон паёми ягона ирсол мекунанд: "Барои ҳама мактаб боз кунед. Барои таҳсили ҳама кӯдакону ҷавонон дар ин кишвар фазои амн фароҳам кунед".Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин ҳафта беш аз як миллион духтар дар Афғонистон дар хонаҳои худ гиря кардаанд ва Шӯрои амният наметавонад онҳоро ноумед кунад.Бастани мактабҳо барои духтарони афғон вокунишҳои густардаеро ба бор овард. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз тасмими толибон дар бораи маҳдуд кардани таҳсили духтарони донишҷӯ изҳор таассуф кардааст.
https://sputnik.tj/20220325/tolibon-huzuri-gustardai-dukhtaron-makotib-tars-1047084329.html
https://sputnik.tj/20220325/payom-masud-tolibon-taslim-bayat-1047054200.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102824/63/1028246354_337:0:3068:2048_1920x0_80_0_0_1c7a63fa448573d9a761bbb5bce9bcf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм толибон духтарон мактаб
смм толибон духтарон мактаб
Шӯрои амнияти СММ ба толибон: Ҳама духтарон бояд мактаб раванд
13:10 26.03.2022 (Навсозишуда: 16:09 28.03.2022) Шуморе аз кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бо нашри як баёнияи муштарак аз толибон хостаанд, то ба тамоми духтарон дар Афғонистон иҷоза диҳанд, ба мактаб раванд.
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Даҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ дар як баёнияи муштарак аз ҳукумати толибон хостаанд, ҳарчи зудтар барои духтарони афғон мактабҳоро боз кунанд.
Ин эъломияро Норвегия, Албания, Бразилия, Фаронса, Габон, Ирландия, Мексика, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳида ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нашр кардаанд.
"Паёми мо рӯшан аст: ҳамаи духтарони Афғонистон бояд мактаб рафта тавонанд", — гуфтанд онҳо.
Кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ афзуданд, ки беш аз як миллион духтар дар Афғонистон ҳафтаи гузашта барои бозгашт ба мактаб омодагӣ гирифтанд, аммо умеди онҳо дар лаҳзаи охирин барбод рафт ва фаҳмиданд, ки ҳаққи таҳсил надоранд.
Шӯрои амнияти СММ тасмими толибонро нақзи тааҳҳудоти ин гурӯҳ номид ва гуфт, ин масъаларо худи толибон дар ҳафтаҳо ва моҳҳои ахир дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои доимии онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ кардаанд.
Онҳо таъкид мекунанд, ки ин як ақибгардии хеле ташвишовар аст.
Дар изҳороти 10 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфта мешавад, ки Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад ва набояд барои ояндаи амн ва босубот нисфи аҳолии худро аз таҳсил маҳрум созад.
Дар ин баёния аъзои Шӯрои амният бар зарурати боз кардани мактабҳо ва фароҳам овардани фазои амни таҳсил барои ҳама кӯдакону ҷавонон дар ин кишвар таъкид кардаанд.
Ин кишварҳо таъкид кардаанд, ки Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад ва ба манзури доштани ояндаи амну босубот набояд истеъдоду зарфияти худро аз даст диҳад ва нисфи аҳолии худро аз таҳсил маҳрум созад.
Гуфта мешавад, бо ин изҳорот аъзои Шӯрои амният ба толибон паёми ягона ирсол мекунанд: "Барои ҳама мактаб боз кунед. Барои таҳсили ҳама кӯдакону ҷавонон дар ин кишвар фазои амн фароҳам кунед".
Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин ҳафта беш аз як миллион духтар дар Афғонистон дар хонаҳои худ гиря кардаанд ва Шӯрои амният наметавонад онҳоро ноумед кунад.
Бастани мактабҳо барои духтарони афғон вокунишҳои густардаеро ба бор овард. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон аз тасмими толибон дар бораи маҳдуд кардани таҳсили духтарони донишҷӯ изҳор таассуф кардааст.