https://sputnik.tj/20220326/shoyg-farmoishi-davlatii-mudofia-1047091056.html
Шойгу аз иҷрои фармоишҳои давлатии бахши мудофиа гуфт
Шойгу аз иҷрои фармоишҳои давлатии бахши мудофиа гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, сарфи назар аз таҳримот, феълан фармоишҳои давлатии бахши дифоъ бар асоси нақша сурат гирифта истодааст
2022-03-26T13:45+0500
2022-03-26T13:45+0500
2022-03-28T16:01+0500
дар русия
амният ва мудофиа
сергей шойгу
вазорати мудофиа
фармоиш
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041705659_0:158:3079:1890_1920x0_80_0_0_79183c513e72f2094a70f84c22f25770.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо роҳбарони бахши низомии ин кишвар иҷрои нақшаи фармоишҳои давлатӣ дар бахши мудофиа ва уҳдадориҳои иҷтимоиро баррасӣ кард. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки масоили буҷаи бахши мудофиа бо Вазорати молияи кишвар баррасӣ шудаанд. Шойгу изҳор доштааст, ки дар пасманзари мушкилоти ҷойдошта фармоиши давлатӣ дар бахши мудофиа пурра иҷро хоҳад шуд. Вай зикр намудаст, ки дар шароити таҳрим феълан сатҳи басташавии шартномаҳои давлатӣ 85%-ро ташкил медиҳад ва дар моҳи декабр ин нишондод бештар мешавад. "Таҳвили аслиҳа бо истифодаи маблағҳои қарзиро идома дода истодаем. Авлавият ба силоҳи шиллики дақиқ, техникаи ҳавоӣ ва омодагии нерӯҳои ҳастаии стратегӣ мебошад", - таъкид намуд Шойгу. Ӯ илова кард, ки бо назардошти амалиёти низомӣ дар Украина соли 2022 бояд раванди таъминоти артиш бо силоҳи муосир, маҷмаъҳои худкор, василаҳои таъминоти иттилоотию муборизаи электронӣ ҳифз карда шавад. "Инчунин мехоҳам таъкид созам, ки Вазорати мудофиа тамоми уҳдадориҳои иҷтимоияшро дар назди ҳайати шахсӣ иҷро карда истодааст", - изҳор дошт вазир. Вай аз тағйирот ба Қонун дар бораи собиқадорон тазаккур дод ва гуфт, иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина аз ин имтиёзҳо бархудор хоҳанд буд. Ба гуфтаи вазир, инчунин ба наздикони собиқадорони амалиёти низомӣ дар Украина аз сабукиҳое низ дода мешавад. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор карда буд, ки иштирокдорони амалиёти Украина аз тамоми имтиёзот дар бахши андоз, нақлиёт, замин, манзил ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ бархурдор хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20220326/putin-amaliyot-ukraina-sobiqadoroni-jangi-1047090132.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041705659_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_a9171ce8785924265c6676567b7af335.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, фармоиш, мудофиа, шойгу
баррасӣ, фармоиш, мудофиа, шойгу
Шойгу аз иҷрои фармоишҳои давлатии бахши мудофиа гуфт
13:45 26.03.2022 (Навсозишуда: 16:01 28.03.2022) Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, сарфи назар аз таҳримот феълан фармоишҳои давлатии бахши дифоъ бар асоси нақша сурат гирифта истодаанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо роҳбарони бахши низомии ин кишвар иҷрои нақшаи фармоишҳои давлатӣ дар бахши мудофиа ва уҳдадориҳои иҷтимоиро баррасӣ кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки масоили буҷаи бахши мудофиа бо Вазорати молияи кишвар баррасӣ шудаанд.
Шойгу изҳор доштааст, ки дар пасманзари мушкилоти ҷойдошта фармоиши давлатӣ дар бахши мудофиа пурра иҷро хоҳад шуд.
"Маблағгузорӣ аз буҷа дар соли равон нисбати соли гузашта 15% афзоиш ёфтааст ва мо бояд муайян созем, ки ба чӣ зимни иҷрои фармоишҳои давлатӣ дар бахши мудофиа таваҷҷуҳи бештар диҳем", - гуфт вазир.
Вай зикр намудаст, ки дар шароити таҳрим феълан сатҳи басташавии шартномаҳои давлатӣ 85%-ро ташкил медиҳад ва дар моҳи декабр ин нишондод бештар мешавад.
"Таҳвили аслиҳа бо истифодаи маблағҳои қарзиро идома дода истодаем. Авлавият ба силоҳи шиллики дақиқ, техникаи ҳавоӣ ва омодагии нерӯҳои ҳастаии стратегӣ мебошад", - таъкид намуд Шойгу.
Ӯ илова кард, ки бо назардошти амалиёти низомӣ дар Украина соли 2022 бояд раванди таъминоти артиш бо силоҳи муосир, маҷмаъҳои худкор, василаҳои таъминоти иттилоотию муборизаи электронӣ ҳифз карда шавад.
"Инчунин мехоҳам таъкид созам, ки Вазорати мудофиа тамоми уҳдадориҳои иҷтимоияшро дар назди ҳайати шахсӣ иҷро карда истодааст", - изҳор дошт вазир.
Вай аз тағйирот ба Қонун дар бораи собиқадорон тазаккур дод ва гуфт, иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина аз ин имтиёзҳо бархудор хоҳанд буд. Ба гуфтаи вазир, инчунин ба наздикони собиқадорони амалиёти низомӣ дар Украина аз сабукиҳое низ дода мешавад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор карда буд, ки иштирокдорони амалиёти Украина аз тамоми имтиёзот дар бахши андоз, нақлиёт, замин, манзил ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ бархурдор хоҳанд буд.