https://sputnik.tj/20220326/putin-amaliyot-ukraina-sobiqadoroni-jangi-1047090132.html
Путин иштирокдорони амалиёт дар Украинаро собиқадори низомӣ эътироф кард
Путин иштирокдорони амалиёт дар Украинаро собиқадори низомӣ эътироф кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия иштирокдорони амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро собиқадори амалиёти ҷангӣ эътироф кард, ки аз имтиёзҳои гуногун бархӯрдор хоҳанд буд
2022-03-26T12:39+0500
2022-03-26T12:39+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
низомиён
иҷтимоъ
собиқадорон
қонун
владимир путин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046136672_0:0:3166:1782_1920x0_80_0_0_259563ab59b7490910ff8a91aa196281.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия Қонуни федералӣ дар бораи додани мақоми собиқадори амалиёти ҷангӣ ба иштирокдорони амалиёт дар Украинаро имзо кард. Санади мазкур дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Русия нашр гардидаст. Қонун муқаррар кардаст, ки мақоми собиқадор ва ё маъюби амалиёти ҷангӣ ба низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратие дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳо дар қаламрави Украина, ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск машғуланд. Дар асосноккунии иқтисодии ин қонун гуфта мешавад, ки татбиқи ин ташаббус аз буҷаи федералӣ тибқи баҳогузории пешакии Вазорати мудофиа ҳудуди 5 млрд. рубл дар соли 2022-ро ташкил хоҳад дод. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор дошта буд, ки иштирокдорони амалиёти Украина аз тамоми имтиёзот дар бахши андоз, нақлиёт, замин, манзил ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ бархурдор хоҳанд буд. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220325/sitodi-kull-amaliyoti-vizhai-rusiya-ukraina-idoma-1047082151.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046136672_223:0:2954:2048_1920x0_80_0_0_46d3472cf179fa31a53eafc60cf39ec3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонун, иштирокдор, собиқадор, амалиёт, украина
қонун, иштирокдор, собиқадор, амалиёт, украина
Путин иштирокдорони амалиёт дар Украинаро собиқадори низомӣ эътироф кард
12:39 26.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Русия иштирокдорони амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро собиқадори амалиёти ҷангӣ эътироф кард, ки аз имтиёзҳои гуногун бархурдор хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия Қонуни федералӣ дар бораи додани мақоми собиқадори амалиёти ҷангӣ ба иштирокдорони амалиёт дар Украинаро имзо кард.
Санади мазкур дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Русия нашр гардидаст.
Қонун муқаррар кардаст, ки мақоми собиқадор ва ё маъюби амалиёти ҷангӣ ба низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратие дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳо дар қаламрави Украина, ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск машғуланд.
Дар асосноккунии иқтисодии ин қонун гуфта мешавад, ки татбиқи ин ташаббус аз буҷаи федералӣ тибқи баҳогузории пешакии Вазорати мудофиа ҳудуди 5 млрд. рубл дар соли 2022-ро ташкил хоҳад дод.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор дошта буд, ки иштирокдорони амалиёти Украина аз тамоми имтиёзот дар бахши андоз, нақлиёт, замин, манзил ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ бархурдор хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.