https://sputnik.tj/20220326/darguzashti-rajab-huseyn-hunarmandi-nomdori-tojik-1047098376.html
Даргузашти Раҷаб Ҳусейн, ҳунарманди номдори тоҷик
Даргузашти Раҷаб Ҳусейн, ҳунарманди номдори тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум дар рушди театру синамои тоҷик ва ҳатто дубляжи филмҳо саҳми бориз дошт
2022-03-26T18:07+0500
2022-03-26T18:07+0500
2022-03-28T14:33+0500
даргузашт
ҳунарманд
фарҳанг
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1a/1047098235_0:8:701:402_1920x0_80_0_0_496d57446c53d25932d8b8935d9b98f1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раҷаб Ҳусейнов, аз ҳунармандони номдори театру синамои тоҷик дар синни 80-солагӣ даргузашт.Дар ин бора аз наздикони ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, ки ӯ чанде дар бистари беморӣ буд.Номбурда ҳунарманди саршиноси театр ва синамои тоҷик буда, дар баробари нақшофарӣ дар театр ҳамзамон дар филмҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ низ нақш бозидааст.Ӯ соли 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошканд (1964) аст. Марҳум морандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буду дар Театри Лоҳутӣ то соли 1998 ва пас аз он дар Театри Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст.Тавре аз ҳолномаи ӯ дар "Википедияи тоҷикӣ" бармеояд, номбурда қариб дар шаст намоишнома, аз қабили "Гамлет", "Шаби гирифтани моҳ", "Рустам ва Суҳроб", "Дод аз дасти ақл", "Роҳзанон", "Маро тарк макун", "Сарбозони инқилоб", "Шаби охирини Суқрот" нақшҳои хотирмон бозидааст.Гуфта мешавад, ҳунари Раҷаб Ҳусейнов бештар дар кино зуҳур кардааст, ки дар "Тоҷикфилм", киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. "Қиссаи зиндони Павиак", "Чор дарвеш", "Ситораи Улуғбек", "Ҷумъаи ҳафтум", "Хӯҷаини об", "Робита", "Субҳи Ганг", "Тӯфон дар водӣ", "Ман — сарҳад", "Гаравгонон", "Сарҳади ором", "Ҳафт домоди дуздидашуда", "Себ аз ҷаннат", филми бисёрқисматаи телевизионии "Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар" намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст. Гуфта мешавад, саҳмаш дар дубляжи филмҳо бо забони тоҷикӣ низ ниҳоят бузург аст.
https://sputnik.tj/20220217/sabab-marg-alovuddin-abdulloev-malum-1045970388.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1a/1047098235_0:0:667:500_1920x0_80_0_0_3009f59a0f4b9e4bb022dffb9df36794.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт раҷаб ҳусейн
Даргузашти Раҷаб Ҳусейн, ҳунарманди номдори тоҷик
18:07 26.03.2022 (Навсозишуда: 14:33 28.03.2022) Марҳум дар рушди театру синамои тоҷик ва ҳатто дубляжи филмҳо саҳми бориз дошт
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раҷаб Ҳусейнов, аз ҳунармандони номдори театру синамои тоҷик дар синни 80-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора аз наздикони ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, ки ӯ чанде дар бистари беморӣ буд.
Номбурда ҳунарманди саршиноси театр ва синамои тоҷик буда, дар баробари нақшофарӣ дар театр ҳамзамон дар филмҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ низ нақш бозидааст.
Ӯ соли 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошканд (1964) аст. Марҳум морандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буду дар Театри Лоҳутӣ то соли 1998 ва пас аз он дар Театри Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст.
Тавре аз ҳолномаи ӯ дар "Википедияи тоҷикӣ" бармеояд, номбурда қариб дар шаст намоишнома, аз қабили "Гамлет", "Шаби гирифтани моҳ", "Рустам ва Суҳроб", "Дод аз дасти ақл", "Роҳзанон", "Маро тарк макун", "Сарбозони инқилоб", "Шаби охирини Суқрот" нақшҳои хотирмон бозидааст.
Гуфта мешавад, ҳунари Раҷаб Ҳусейнов бештар дар кино зуҳур кардааст, ки дар "Тоҷикфилм", киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд.
"Қиссаи зиндони Павиак", "Чор дарвеш", "Ситораи Улуғбек", "Ҷумъаи ҳафтум", "Хӯҷаини об", "Робита", "Субҳи Ганг", "Тӯфон дар водӣ", "Ман — сарҳад", "Гаравгонон", "Сарҳади ором", "Ҳафт домоди дуздидашуда", "Себ аз ҷаннат", филми бисёрқисматаи телевизионии "Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар" намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст.
Гуфта мешавад, саҳмаш дар дубляжи филмҳо бо забони тоҷикӣ низ ниҳоят бузург аст.