https://sputnik.tj/20220325/zinda-volodin-darguzashti-zhirinovskiy-1047066039.html
Зинда, вазъаш вазнин: Володин хабари даргузашти Жириновскийро рад кард
Зинда, вазъаш вазнин: Володин хабари даргузашти Жириновскийро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Думаи давлатӣ ва Вазорати тандурустии Русия хабарҳо дар мавриди даргузашти раиси Ҳизби либерал - демократии кишварро рад карданд
2022-03-25T14:45+0500
2022-03-25T14:45+0500
2022-03-25T14:47+0500
дар русия
даргузашт
зинда
владимир жириновский
вячеслав володин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045976318_0:39:2964:1706_1920x0_80_0_0_06451f7427f7c889fc442dbbecd1d379.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии кишвар зиндааст. Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" хабарҳо дар мавриди даргузашти Жириновскйиро рад кард. "Ҳамаи онҳоро, ки нигарони вазъи Владимир Волфович Жириновский ҳастанд, ором карданиям. Ӯ зинда аст. Вазъаш воқеан вазнин аст. Ҳама нигарони ҳолаш ҳастем, табибон барояш мубориза мебаранд. Худаш ҳам муборизи бузург аст. Барояш шифои комил мехоҳем", - навишт Володин дар "Telegram". Вазорати тандурустии Русия ва Ҳизби либерал-демократӣ низ хабарҳо дар мавриди даргузашти Жириновскийро рад карда, ҳолашро муътадил арзёбӣ карданд. Таъкид шудааст, ки табибон тамоми талошро барои кумаки ӯ кардаанд. Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки сиҳҳати сиёсатмадор тайи рӯзҳои охир бад шуда, дар ҳолати кома қарор дорад. Сенатор Александр Пронюшкин дар саҳифааш "Telegram" хабар дод, Жириновский даргузашт, аммо баъдан паёмашро пок кард. Аз бистарӣ шудани Жириновский бо осори коронавирус дар Маскав аввали моҳи феврали соли равон хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки 70 дарсади шушҳои ӯ гирифтори беморӣ шудаанд.Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ ҳанӯз дар беморхона нигоҳ дошта мешавад, то комилан муолиҷа ёбад.Владимир Волфович Жириновский 25 апрели соли 1946 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистони шӯравӣ таваллуд шуда, соли 1970 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ моҳи декабри соли 1989 дар ҷаласи гурӯҳи ташаббускори ташкили Ҳизби либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок кард, ки баъди 3 сол ба созмони Ҳизби либерал-демократии Русия табдили шуду соли 2001 мақоми ҳизби сиёсӣ гирифт. Ин ҳизб ҳоло таҳти роҳбарии Жириновский фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20220321/peshgui-hayratangez-zhirinovskiy-1046960202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045976318_129:0:2858:2047_1920x0_80_0_0_0d6a4e05b001f6c5ccbbef0191be04b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин, даргузашт, зинда, жириновский
володин, даргузашт, зинда, жириновский
Зинда, вазъаш вазнин: Володин хабари даргузашти Жириновскийро рад кард
14:45 25.03.2022 (Навсозишуда: 14:47 25.03.2022) Раёсати Думаи давлатӣ ва Вазорати тандурустии Русия хабарҳо дар мавриди даргузашти раиси Ҳизби либерал-демократии ин кишварро рад карданд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии кишвар зиндааст. Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" хабарҳо дар мавриди даргузашти Жириновскйиро рад кард.
"Ҳамаи онҳоро, ки нигарони вазъи Владимир Волфович Жириновский ҳастанд, ором карданиям. Ӯ зинда аст. Вазъаш воқеан вазнин аст. Ҳама нигарони ҳолаш ҳастем, табибон барояш мубориза мебаранд. Худаш ҳам муборизи бузург аст. Барояш шифои комил мехоҳем", - навишт Володин дар "Telegram".
Вазорати тандурустии Русия ва Ҳизби либерал-демократӣ низ хабарҳо дар мавриди даргузашти Жириновскийро рад карда, ҳолашро муътадил арзёбӣ карданд. Таъкид шудааст, ки табибон тамоми талошро барои кумаки ӯ кардаанд.
Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки сиҳҳати сиёсатмадор тайи рӯзҳои охир бад шуда, дар ҳолати кома қарор дорад. Сенатор Александр Пронюшкин дар саҳифааш "Telegram" хабар дод, Жириновский даргузашт, аммо баъдан паёмашро пок кард.
Аз бистарӣ шудани Жириновский бо осори коронавирус дар Маскав аввали моҳи феврали соли равон хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки 70 дарсади шушҳои ӯ гирифтори беморӣ шудаанд.
Андрей Звонков, пизишки саршинос қайд кард, ки ин сиёсатмадор ба далели мушкилоти дигари саломатӣ ҳанӯз дар беморхона нигоҳ дошта мешавад, то комилан муолиҷа ёбад.
Владимир Волфович Жириновский 25 апрели соли 1946 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистони шӯравӣ таваллуд шуда, соли 1970 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст.
Ӯ моҳи декабри соли 1989 дар ҷаласи гурӯҳи ташаббускори ташкили Ҳизби либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок кард, ки баъди 3 сол ба созмони Ҳизби либерал-демократии Русия табдили шуду соли 2001 мақоми ҳизби сиёсӣ гирифт. Ин ҳизб ҳоло таҳти роҳбарии Жириновский фаъолият мекунад.