https://sputnik.tj/20220325/vazorat-difo-rusiya-takhrib-poygoh-zarkharidon-ukraina-1047067922.html
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
2022-03-25T15:30+0500
2022-03-25T15:30+0500
2022-03-25T19:45+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
зархаридон
зарба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887143_0:80:3359:1969_1920x0_80_0_0_84e79e340059027bccfa70b5b69a636a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Артиши Русия пойгоҳи зархаридони хориҷиро дар Украина тахриб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати дифои Русия хабар додааст.Зарбаҳои дақиқ бо ёрии системаи мушакии "Искандар" анҷом дода шуданд. Ба гуфтаи сардори ҳисоббарори партобгар, мушаки баллистикӣ ба сӯйи биное, ки зархаридони хориҷӣ дар он ҷойгир буданд ва ба пойгоҳи таълимӣ партоб шуд.Тавре дар ин ниҳоди ҳарбӣ шарҳ доданд, дар айни замон ягон василаи муосир барои боздоштани ин мушак вуҷуд надорад. "Он дар қиболи мушаки душман пирӯз мешавад, мухолифате ба он вуҷуд надорад, зеро суръати парвозаш назаррас аст. Нобуд кардани он қариб ғайриимкон аст", - таъкид кард ин низомӣ. Шумораи зархаридони кушташуда мушаххас нест. "Искандер" як системаи мушакии оперативӣ-тактикии Русия аст. Вазифаи асосии он дар масофаи то 500 километр нест кардани системаҳои мудофиаи хуҷуми ҳавоӣ ва зидди мушакии душман, инчунин ҳимоят аз муҳимтарин объектҳост. Ин системаи мушакӣ барои омодасозии махфӣ ва расонидани зарбаҳои мушакии муассир ба ҳадафҳои муҳимтарини паси хатти душман пешбинӣ шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220325/monea-muzokirot-rusiya-ukraina-1047053967.html
https://sputnik.tj/20220324/qodirov-binoi-hukumati-mariupol-1047051962.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887143_315:0:3044:2047_1920x0_80_0_0_1fbe21082871c34d8cd8f45cbf305f8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тахриб пойгоҳ зархаридон украина зарба
русия тахриб пойгоҳ зархаридон украина зарба
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
15:30 25.03.2022 (Навсозишуда: 19:45 25.03.2022) Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Артиши Русия пойгоҳи зархаридони хориҷиро дар Украина тахриб кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Зарбаҳои дақиқ бо ёрии системаи мушакии "Искандар" анҷом дода шуданд.
Ба гуфтаи сардори ҳисоббарори партобгар, мушаки баллистикӣ ба сӯйи биное, ки зархаридони хориҷӣ дар он ҷойгир буданд ва ба пойгоҳи таълимӣ партоб шуд.
"Кулоҳаки нофизи тарканда истифода шуд, бинои дорои 60 метр дарозӣ қариб пурра хароб ва душман нобуд шуд", - шарҳ дод низомӣ.
Тавре дар ин ниҳоди ҳарбӣ шарҳ доданд, дар айни замон ягон василаи муосир барои боздоштани ин мушак вуҷуд надорад.
"Он дар қиболи мушаки душман пирӯз мешавад, мухолифате ба он вуҷуд надорад, зеро суръати парвозаш назаррас аст. Нобуд кардани он қариб ғайриимкон аст", - таъкид кард ин низомӣ.
Шумораи зархаридони кушташуда мушаххас нест.
"Искандер" як системаи мушакии оперативӣ-тактикии Русия аст. Вазифаи асосии он дар масофаи то 500 километр нест кардани системаҳои мудофиаи хуҷуми ҳавоӣ ва зидди мушакии душман, инчунин ҳимоят аз муҳимтарин объектҳост.
Ин системаи мушакӣ барои омодасозии махфӣ ва расонидани зарбаҳои мушакии муассир ба ҳадафҳои муҳимтарини паси хатти душман пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.