https://sputnik.tj/20220324/qodirov-binoi-hukumati-mariupol-1047051962.html
Қодиров аз озод намудани бинои ҳукумати Мариупол хабар дод
Қодиров аз озод намудани бинои ҳукумати Мариупол хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Чеченистон эълон кард, ки бинои ҳукумати шаҳри Мариупол, ки дар он тайи чанд рӯзи ахир ҷангҳои шадид идома доранд, аз сӯйи сарбозони Русия озод шудааст
2022-03-24T23:00+0500
2022-03-24T23:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
рамазон
мариупол
ҷанг
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/17/1026531720_0:0:2909:1637_1920x0_80_0_0_faf3199951b8a2db4999d83fa3fb4761.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, нерӯҳои амниятии ҷумҳуриаш бинои ҳукумати шаҳри Мариуполро озод карданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Бояд гуфт, тайи чанд рӯз аст, дар ин шаҳр ҷангҳои шадиди миёни артиши Ҷумҳурии миллии Донетск, нерӯҳои миллии “Азов” ва артиши Украина идома доранд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220324/stoltenberg-rohbari-nato-1047046207.html
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/17/1026531720_121:0:2852:2048_1920x0_80_0_0_009c2592ef48e6104b9c6b22adf24a50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чеченистон, русия, украина, мариупол, рамазон қодиров, ҷанг
чеченистон, русия, украина, мариупол, рамазон қодиров, ҷанг
Қодиров аз озод намудани бинои ҳукумати Мариупол хабар дод
23:00 24.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Роҳбари Чеченистон эълон кард, ки бинои ҳукумати шаҳри Мариупол, ки дар он тайи чанд рӯзи ахир ҷангҳои шадид идома доранд, аз сӯйи сарбозони Русия озод шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, нерӯҳои амниятии ҷумҳуриаш бинои ҳукумати шаҳри Мариуполро озод карданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Бояд гуфт, тайи чанд рӯз аст, дар ин шаҳр ҷангҳои шадиди миёни артиши Ҷумҳурии миллии Донетск, нерӯҳои миллии “Азов” ва артиши Украина идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.