https://sputnik.tj/20220325/vazir-uzbekiston-raftuomadi-qator-rusiya-1047063456.html
Вазири Ӯзбекистон хостори эҳёи рафтуомади қаторҳо ба Русия шуд
Вазири Ӯзбекистон хостори эҳёи рафтуомади қаторҳо ба Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, омодаи барқарорсозии рафтуомади қаторҳо бо Русияан ва феълан мунтазири посухи мусбати Маскав дар ин бораанд
2022-03-25T18:20+0500
2022-03-25T18:20+0500
2022-03-25T20:26+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
нақлиёт
роҳи оҳан
мусофир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/27/1022712706_155:0:2911:1550_1920x0_80_0_0_1117c4276c19819211fca02ccc6b6b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ӯзбекистон ният дорад, аз моҳи апрел ҳаракати қатор ба Русияро барқарор кунад. Дар ин бора Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти Ӯзбекистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор дошта, талаботи зиёд ба мусофирбарии мунтазам, аз ҷумла аз тариқи роҳи оҳанро ёдовар шудааст. Маҳкамов, ки дар ҳошияи нахустин ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд суҳбат мекардаст, афзудаст, ки танҳо парвозҳо наметавонанд ниёзҳои бахши мусофиркаширо бароварда созанд. "Қишри муайяни мусофирон мавҷуданд, ки ниёз ба сафар аз тариқи роҳи оҳанро доранд. Танҳо ба парвозҳо такя кардан дуруст нест", - илова намуд Маҳкамов. Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбекистон" гуфта буд, аз 1 апрел мусофирбарӣ дар масири Қазоқистонро барқарор мекунад. Аз 16 март мусофирбарии мунтазам бо автобус бо ҳамсояҳокишварҳо барқарор шудаст. Мақомоти Ӯзбекистон эълон карданд, ки бо Тоҷикистон низ тамоми маҳдудиятҳои ковидиро аз нимаи моҳи март лағв карданд. Ҳаракати қаторҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Русия моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус масдуд шуда, феълан аз масоили мубрам ба шумор меравад. Дар шароити гаронии нархҳо сафар аз тариқи роҳи оҳан нисбатан арзон арзёбӣ мешавад ва миёни бошандагони Осиёи Марказӣ ин навъи нақлиёт талаботи зиёд дорад.
https://sputnik.tj/20220325/afzoish-dahbarobari-borkashoni-tojikiston-1047056373.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/27/1022712706_499:0:2566:1550_1920x0_80_0_0_361bc8e92ac89fbf856c009067294446.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, тошканд, эҳё, қатор, ҳаракат, русия
азм, тошканд, эҳё, қатор, ҳаракат, русия
Вазири Ӯзбекистон хостори эҳёи рафтуомади қаторҳо ба Русия шуд
18:20 25.03.2022 (Навсозишуда: 20:26 25.03.2022) Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, омодаи барқарорсозии рафтуомади қатор бо Русияанд ва феълан мунтазири посухи мусбати Маскав дар ин бораанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ӯзбекистон ният дорад, аз моҳи апрел ҳаракати қатор ба Русияро барқарор кунад.
Дар ин бора Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти Ӯзбекистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор дошта, талаботи зиёд ба мусофирбарии мунтазам, аз ҷумла аз тариқи роҳи оҳанро ёдовар шудааст.
"Мо феълан мунтазирем, ки кай ҳамкоронамон аз Русия иҷозат медиҳанд. Пешгӯиҳои ҳастанд, мо интизор дорем, ки аз 1 апрел ба амалисозии ин иқдом ноил хоҳем шуд", - гуфтааст вазир.
Маҳкамов, ки дар ҳошияи нахустин ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Тошканд суҳбат мекардаст, афзудаст, ки танҳо парвозҳо наметавонанд ниёзҳои бахши мусофиркаширо бароварда созанд.
"Қишри муайяни мусофирон мавҷуданд, ки ниёз ба сафар аз тариқи роҳи оҳанро доранд. Танҳо ба парвозҳо такя кардан дуруст нест", - илова намуд Маҳкамов.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбекистон" гуфта буд, аз 1 апрел мусофирбарӣ дар масири Қазоқистонро барқарор мекунад. Аз 16 март мусофирбарии мунтазам бо автобус бо ҳамсояҳокишварҳо барқарор шудаст.
Мақомоти Ӯзбекистон эълон карданд, ки бо Тоҷикистон низ тамоми маҳдудиятҳои ковидиро аз нимаи моҳи март лағв карданд.
Ҳаракати қаторҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ба самти Русия моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус масдуд шуда, феълан аз масоили мубрам ба шумор меравад. Дар шароити гаронии нархҳо сафар аз тариқи роҳи оҳан нисбатан арзон арзёбӣ мешавад ва миёни бошандагони Осиёи Марказӣ ин навъи нақлиёт талаботи зиёд дорад.